Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сахтиҳои Аламбӣ дар ғурбат


Аламбӣ Назарова зани 35-солаест, ки фарзандонашро дар Тоҷикистон танҳо монда ҳамроҳи як духтари ноболиғаш дар ошхонаи яке аз бозорҳои шаҳри Москов фаррошӣ мекунад. Дар як рӯз 200 рубли русӣ камтар аз 10 доллар маош мегирад ва барои он ки харҷи ҳаррӯзааш зиёд нашавад, дар хоначаҳои оҳанин ҳамроҳи дигар мардикорон ба сар мебарад:

«Ҳамин маблағро нахӯрдаву напӯшида, зораву нола карда, ҳамроҳи ҳамин бачаҳо якҷоя зиндагӣ мекунам. Дилашон месӯзаду чизе намегӯянд. Барои роҳкиро бо фоиз қарз гирифта будем ва дар панҷ моҳ онро ҷамъ карда равон кардем, акнун барои кӯдаконам пул ҷамъ мекунам.»

Аламбӣ мегӯяд, сардиҳои Русия ӯро маризу таҳқири полис афгораш кардаанд:

«Таҳқир мекунанд, вале хомӯш мешинӣ. Мегӯянд ту зан ҳастӣ, чаро омадӣ? Охир онҳо зиндагии маро аз куҷо донанд. Аз афтидана майъюб шудам. Ҳама ҷоям дардманд аст. Чӣ илоҷ бояд барои фарзандонам маблағе пайдо кунам.»

Ситора мусоҳиби дигари ман 24-сол дорад ва ӯ низ ба тозагӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ бо дарди тарбод баргаштааст:

«Ман диплом надорам. Фикр кардам, ки меравам, онҷо кор кардан осон мехӯраму мегардам. Омадам бемор шудам, дар беморхона хуфтам. Мо ба хунукии онҷо одат накардаем ва занону духтарон, мардҳо ниҳоят азоб мекашанд.»

Занону духтарони ҳамқисмати Аламбӣ ва Ситора, ки бо умеди дарёфти қути лоямут ба муҳоҷират рафтаанд, кам нестанд. Тибқи омори расмӣ, ҳамасола беш аз 400 хазор ва ғайрирасмӣ ҳудудан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон, дар муҳоҷират қарор доранд, ки 25 - 30 дарсади онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Нигина Маҳмадҷонова, корманди Созмони Байналмилалии Муҳоҷират мегӯяд, ҳолатҳое зиёданд, ки ин занон ба доми фиреб меафтанд:

«Бо он қурбониёне, ки мо дар бастагӣ ба Русия ҳамсӯҳбат шудем маълум шуд, ки дар Русия ҷойҳое махсусе будааст, ки ин занонро фиреб карда, ба худи тоҷикон мефурӯхтаанд. Вақте ки забонро намедонӣ ва аз қонун бехабарӣ одамрабоён аз ин истифода мекунанд.»

Бехабар аз ин кӯдакони хиёбонии тоҷик, ки ба гуфтаи созмонҳои ғайридавлатӣ шуморашон дар ҳоли афзудан аст, мехоҳанд ба Русия бираванд ва кори хубу музди беҳтар пайдо кунанд. Ин бачаҳо ғолибан фарзандони онҳоеанд, ки волидонашон солҳои дароз ба мардикорӣ рафтаву барнагаштаанд.

Ва орзуи яке аз онҳо: «Аробакашӣ, мошиншӯйӣ ва халтафурӯшӣ мекунем. Дар бозор дар рӯйи танӯрҳо мехобем. Дар кӯча хобидан душвор аст, ифлос мешавӣ. Мехоҳам каме пул ҷамъ кунаму ман ҳам ба Русия равам.»


Гуфта мешавад, теъдоди ками занони тоҷик, ки дониши хуб доранд, соҳибҳунар ҳастанд ва ё танҳо барояшон бахт омад мекунад, дар муҳоҷират муваффақ мешаванд. Гулнора ҷавонзанест, ки ба шаҳри Екатеринбург рафтааст. Нахуст муҳассили яке аз мактабҳои ошпазӣ шуда, тарзи таҳияи ғизоҳои аврупоиро омӯхтааст ва баъдан дар тарабхонаи шарқӣ ба сифати сарошпаз ба кор даромадааст:

«Дар тарабхонаи доғистониҳо маро ба кор гирифтанд. 4 сол зиндагӣ кардем, хурду хӯрок ва ҷойи хоби гарму нагз доштем. Омада хонаамро таъмир кардам, ҳатто телевизор надоштам, тамоми ҷиҳози хонаро харидам. Зиндагиам таъмин шуд. Аммо ҳоло боз пулҳоямон тамом шуд ва маҷбурем, ки боз ба онҷо баргардам, ҷойи кор нест.»

Аммо Аламбиро, ки сарнавишташ дигар аст, ҳамеша дар тарсу ҳарос зиндагӣ мекунад ва орзуи онро дорад, ки бо сари баланд ба назди фарзандонаш баргардад. Лекин мегӯяд мутмаин нест, ки дубора муҳоҷирати кориро ихтиёр мекунад ё хайр, чун бахубӣ дарк мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам барои ӯву садҳо ҳазор ҳамтоёни ӯ, пайдо кардани кори шоиста чандон кори осон нест.
XS
SM
MD
LG