Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари хуш барои муҳоҷирон


.

Сар аз имрӯз, якуми ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон дубора имкон пайдо карданд, ки на танҳо бо шиносномаи хориҷӣ, балки бо шиносномаи оддии дохилӣ ба Русия сафар намоянд. Тавре дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд, аз якуми ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд, бо ҳамон шиносномаҳои дохилии худ ба Русия сафар кунанд ва ноболиғони то 16 сола бо шаҳодатномаи таваллуд ва ё зоднома.
Қаблан, кишварҳои узви созмони ЕвАзЭС, ки Тоҷикистону Русия низ шомили он ҳастанд, қарор карда буданд, ки шаҳрвандони кишварҳои узв бояд танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ ба қаламрави ҳамдигар сафар кунанд. Ин тасмим боиси мушкилоти фаровоне дар зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия шуд ва ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, дар чанд шаҳри бузурги ин кишвар нуктаҳои тавзеъи шиносномаи хориҷӣ ифтитоҳ намояд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, баъди ҷорӣ шудани муқаррароти сафар ба Русия бо шиносномаҳои хориҷӣ ҳудуди 300 ҳазор шаҳрванди ин кишвар шиносномаи хориҷӣ гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG