Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Сорос ба макотиби олии Тоҷикистон китоб дод


Заррина Қодирова-раҳбари бахши дастгири донишгоҳҳои олии Бунёди Сорос мегӯяд, «Шурӯъ аз соли 1999 ҳар сол ба макотиби олии кишвар ҳамингуна кӯмак мерасад ва донишгоҳҳо аз ҷадидтарин кутуби донишгоҳҳои Русия бархурдор мешаванд».

Ва аммо дар ин навбат Донишгоҳи Кӯлоб ва Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон аз китоб бенасиб мондаанд. Ойниҳол Бобоназарова, раиси раёсати дафтари тоҷикистони Бунёди СОРОС мегӯяд, «Бо ин иллат, ки бархе аз донишгоҳҳо кутуби дарсиро дар самти мувофиқ истифода набурдаанд, онҳоро аз рӯйхати кӯмакгирон лағв кардаанд».

Хонум Бобоназарова мегӯяд, ғараз аз ирсоли кутуб ба донишгоҳҳо дастрасии донишҷӯён ба китобҳои дарсист. Ба иттилоъи Ойниҳол Бобоназарова, барномаи омӯзишии Бунёди СОРОС фарогир аст ва китобҳои дарсӣ шурӯъ аз боғчаҳои бачагона ва макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ то донишгоҳҳои олии кишвар тақсим мешавад. Ва аммо пас аз дидори ахирии Ҷорҷ Сорос, раиси Бунёди Сорос бо Эмомалӣ Раҳмонов-раисҷумҳури кишвар дар Вашингтон ин кӯмакҳо тавсеъа меёбад:

«Мо баъзан соле то ду бор ба мактабҳои оливу миёна ва ҳатто боғчаҳои бачагона кӯмак мекунем. Ва на танҳо китоб медиҳем, мо ба онҳо компютерҳо медиҳем ва дар баъзе ноҳияҳо китобхонаҳои вижа боз кардаем. Яъне имрӯз барномаи омӯзишии Фонди СОРОС хеле ваасеъ мегардад, зеро дар вохӯрии ахири ҷаноби Сорос ва Эмомалӣ Раҳмонов масъалаи дастгирии маориф яке аз масъалаҳои марказӣ буд»

Азим Аминов, мувоини раиси Донишгоҳи ҳунарҳои зебо мегӯяд, «Макотиби олии кишвар воқеан ба китобҳои дарсӣ ниёз доранд»

Ба иттилоъи Зебо Ҳалимова, директори Бунёди Сорос дар Тоҷикистон тӯли 6 соли ахир ин бунёд дар маҷмӯъ ба макотиби олии кишвар беш аз 21. 000 дона китоб тақдим кардааст.
XS
SM
MD
LG