Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷабрҳои табиат ба Тоҷикистон


Созмони Милали Муттаҳид, Бунёди Оғохон ва Бунёди рушди байналмилалии Швейтсария ба муносибати рӯзи ҷаҳонии коҳиши офатҳои табиӣ дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфтанд омодаанд, ба хонаводаҳои осебдида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати таъмиру тармими манзил ва ташкили соҳибкорӣ қарзи хурд бидиҳанд.

Дар ин ҳамоиш масоили марбут ба зарари ҷониву молии ба хоҷагии Тоҷикистон ворид намудаи офатҳои табиӣ дар чанд моҳи ахири соли равон ва ҷилавгирӣ аз онҳо, мавриди баррасии коршиносон ва мутахасисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ қарор гирифт.

Усмонқул Шокиров - намояндаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, феълан беш аз 7000 нафар сокини манотиқи мухталифи Тоҷикистон, дар мавзеъҳои осебпазир ба сар мебаранд ва онҳоро хатари офатҳои табиӣ таҳдид мекунад. Ҷаноби Шокиров афзуд, ҳукумати Тоҷикистон мувофиқи имконоти дар даст доштааш ба ҳар хонаводае ки ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешавад, ба маблағи 1500 сомонӣ кӯмакпулӣ медиҳад, ки дар шароити кунунӣ албатта ин маблағ нокифоя аст:

"Агар ин созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба ин мардуми зарардида кӯмак кунанд, хуб мешавад, зеро кӯмакҳое, ки ҳукумат ба онҳо мекунад, нокифоя аст. Ҳоло нархи маҳсулот, бахусус масолеҳи бинокорӣ хеле боло рафтааст."

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳим Раҷабов - муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, бино бар набудани маблағ, дар ҳоли ҳозир, имкони ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани мардуми манотиқи осебпазир вуҷуд надорад, Аммо мегӯяд вай, дар сурате ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба мардуми зарардида ва ба ҷойҳои бехавф кӯчонидашуда, қарзҳои хурд диҳанд, мушкилоти ҷойдошта метавонад аз миён бардошта шавад.

Ҷаноби Раҷабов гуфт: "Агар мо дасгоҳу ташхисгоҳҳои замонавӣ медоштем, ки вазъи ҳаворо, сатҳи барфи борида дар як сол ва паёмадҳои боридани борону селро муайян мекардем, зарари зиёди моливу ҷонӣ пешгирӣ карда мешуд."

Тина Рамстад, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳолатҳои изтирорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар робита ба ин мавзӯъ гуфт: "Тоҷикистон ба чунин як барномаи давомдори микрокредитӣ ё қарзҳои хурд ниёз дорад. Аммо бояд қабл аз пиёда кардани ин барнома мо бо вазъи аслии мардуми зарардида аз офатҳои табӣӣ дар ин кишвар, шинос шавем ва ҳачунин бояд мо итминон дошта бошем ки ин қарзҳо баргардонда мешаванд. Дар сурати он ки ба созмонҳои байламилалӣ ҷониби Тоҷикистон тарҳи як лоиҳаи муҳим ва мушаххас пешниҳод шавад, ин созмонҳо метавонанд, маблағҳои зиёдеро дар ихтиёри ниҳодҳои масъул гузоранд, то тавониста бошанд, ба зарардидагони офатҳои табӣӣ ва мардуми ба ҷойҳои бехавф кӯчбаста кӯмакҳои зарурӣ расонанд."

Тибқи маълумоти вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дар соли равон, офатҳои табӣӣ ба хоҷагии ин кишвар ба маблағи беш аз 200 миллион доллар зарар ворид кардааст. Яксаду бист нафар ҷони худро ва беш аз 111 ҳазору 200 одам молу манзилашро аз даст додаст.
XS
SM
MD
LG