Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо китоб мехонед?


Salimi Aioubzod Нашри китоб дар кишвар ба чи ҳол аст? Оё ҳоло ҳам мо қавми китобдӯстем? Чи китоби наве хондед?

Салому алейкум ба мухлисони радиои Озодӣ!
Ман хеле шодам, ки тоҷикони мо дар ин мавзӯъ баҳсу мунозира мекунанд. Шахсан ман китоб хондан ва илм омӯхтанро дар зинаи баландтарин мегузорам, зеро одамое ки илм надорад, ҷоҳил мебошад. Худованд ва мардум аз одами ҷоҳил безоранд ва чунин ашхос ба ҷамъият зарар меоранд. Ман дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунам ва рӯзе ки камаш 50-70 саҳифа китоб нахонам, худро хуб ҳис намекунам. Китобҳое ки ман дӯст медорам, осори таърихӣ ва мустанад мебошанд. Ва ҳаминро гуфтаниям, ки 95 дарсади китобҳои хондаам ба забони хориҷӣ мебошанд. Яке аз бародарони мо дар ин майдони баҳс изҳор кардааст, ки ҷавонони мо китоб намехонанд, зеро онҳо 6 сомон идрорпулӣ мегиранд ва шароити китобхонӣ надоранд. Ҳоло дар Тоҷикистони мо бисёре аз ҷавонон китоб хондан намехоҳанд, чи монад ба харидани китоб. Фикри онҳоро мошин, дискотека, духтарбозӣ банд кардааст. Дар ин маврид волидайн ҳам гунаҳкоранд, ки аз хурдӣ онҳоро ба китобхонӣ ҷалб накардаанд. Ва дар охир: "ҲАР ЧИЗ БА ХУДАШ РОҲЕ ДОРАД. РОҲИ ҶАННАТ ИЛМ АСТ ВА ИЛМ АЗ КИТОБ МЕОЯД."
Шод бошед,
Ҷовидон
------------------------------------------
Ба Маҳмудзода. Ман ҳам пеш аз он ки ба Маскав оям, дар Тоҷикистон зиндагонӣ кардаам. Ва на танҳо ту бо шиками гурусна будӣ, мо низ будем, аммо мехондем. Дар бозор савдо мекардам ва то омадани харидор китоб мехондам. Гуруснагӣ баҳона шуда наметавонад, бепулӣ низ. Дар Тоҷикистон китобҳои нависандагони классик нархи ночизе доранд. Дар ин ҷо низ идрорпулии донишҷӯён ба китобхарӣ намерасад, аммо онҳо аз китобхонаҳои донишгоҳ китобро мегиранд ва мехонанд, ки ин чиз миёни донишҷӯёни мо ё нест ё бисёр кам аст. Дар ин ҷо дарси якумро муаллим бо тақсими рӯйхати адабиёти зарурӣ шурӯъ мекунад. Тамоми китобҳои рӯйхатро ҳатман бояд аз худ намоӣ. муаллимҳои Маскав пул намегиранд, маҷбур ҳастӣ китобҳоро хонӣ ва имтиҳон супорӣ. Агар муаллимон дар Тоҷикистон низ аз донишҷӯён пул намегирифтанд ва мавзӯъи додаи худро мепурсиданд, мумкин буд донишҷӯён ва ҷавонон ба хондани китоб майл пайдо менамуданд.
Ду китобе, ки бо забони тоҷикӣ дар МАСКАВ дарёфт намудам ва хондам аз Баҳманёр ва Сайф Раҳимзоди Афардӣ (рӯҳаш шод бод!) буд. Ман дар Маскав китобҳои навчопшуда Душанберо дарёфт намудаму шумо мегӯед нест?!Ҳоло ба хондани асарҳои нависандагони классики Ғарб шурӯъ намудаам.
Қариб буд ки фаромӯш кунам, дар интернет саҳифае ҳаст, ки дар он метавон китобҳоро дарёфт намуд. Бо забони русӣ, асарҳои нависандагони классик ва ҳозираи русу ғарб.
http://lib.ru/
Даромада бинед, мумкин, китобҳои лозимаро дарёфт намоед. Ман низ аз он истифода мебарам.
Муҳоҷир
-----------------------------------------
Ахиран як хислати аҷибе пайдо кардаам, ки шабу рӯз китоб мехонам. Дигар мавзӯъи китобҳо барои ман фарқ надорад. Муҳим ин аст, ки аз китобҳои хондаи худ як панд, сухани хуб, ибрат гирифта бошам. Медонед, ин ҳама китобхонии ман аз чист? Ман тарс дорам. Тарс дорам, ки баъд аз соле китоби президент Раҳмонов китоби рӯйимизии ҳар як хонадон мешаваду мо шояд хатто хӯрокхӯриамонро бо порае аз китоби он кас шурӯъ мекунем. Гувоҳи ин, китоби муқаддаси президент Сафармурод Ниёзов аст. Ба ҳар ҳоле набошад, "ангур ангурро дида ранг мегирад", -гуфтаанд мардуми донои тоҷик. Он ҷо аввал аз Туркманбошӣ гуфтанд сар карда буданд, ин ҷо аз ҷаноби олӣ. Барои ҳамин ҳам, тезтар китоби заруриро хонда гиред, ки сонӣ монанди таълимоти Марксу Энгелс аз таълимоти Раҳмонов ҳам хаста хоҳед шуд...
Бо самимият Камоли Хуҷандӣ,
тоҷики аз Ватан дури Шумо...

--------------------------------------
Аз сабаби он ки имрӯз ҳама шоиру нависандаю олим шуда рафтаанд, фикр мекунам, дигар хонанда ҳам намондааст. Ба қавли як нависандаи тоҷик "мо барои оянда менависем". Шояд наслҳои ояндаи мо китобхон шаванд? Китобе, ки охирин бор хонда будам, "Саду як андеша" - и Раҳими Мусулмониён буд. Ҳанӯз ҳам китоб барои тоҷикон рамзи донишу ақлу фаросат аст. Аммо, имрӯз афсӯс он қадру қиматро надорад.
Гуразми Тоҷикфар
------------------------------------
Ба МУҲОҶИР: Барои он ки китобро бо шиками сер мехонӣ!? Мегӯед, чӣ хел, дар ҳоле, ки донишҷӯи бечораву бехонаву бепулу бесоҳиби тоҷик барои 1 моҳи таҳсил ҳамагӣ ва ҷамъулҷамъ 6 сомонӣ идрорпулӣ (стипендия!!!) мегирад= 1 доллару 95 сенти амрикоӣ, пас ҳисоб кунед, ки чӣ гуна китоб ХАРАДУ(!) хонад... Ва... агару магарҳои зиёде.... Бо вуҷуди ин ҳастанд, буданд ва хоҳанд буд касоне, ки ба шикам санги қаноат мебанданду таҳсилу хонишро идома медиҳанд, ба умеди ФАРДОИ НЕК! Чӣ гуфтӣ, "ҲАМНАФАСИ АЗИЗ!"
Маҳмудзода
-------------------------------------
Ман ҳоло ба хондани як китоби нав шурӯъ кардам: "Нури сухан" - и Сафар Абдулло. Ин китобро аз дасти як дӯстам гирифтам, то хонам. Охирин китобе, ки хондаам "Дар паноҳи Ҳиндукуш" - и Шодон Ханиф буд. Дилам мехоҳад бисёр китоб хонам, аммо китобҳои хонданбобро хеле кам мебинам. Имрӯзҳо бо қарори Президент Раҳмонов аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии ӯ бояд ройгон китобҳои нависандагон чоп шавад. Вале ман ханӯз китоби хонданиро дарёб накардам. Нависандаҳои мо солҳои ахир хеле беҳавсала ҳам шудаанд. Андешаҳои миллӣ, рӯзгори муҳоҷирон, ҳаёти талхи духтари тоҷик дар Дубайро онҳо ҳанӯз ҳам ба риштаи хаёл накашидаанд, чи хеле ки дар замони шӯравӣ маъракаи пахтачиниро "реклама" мекарданд.
Хозир бештар шавқи хондани асарҳои нависандагони хориҷӣ дар ман пайдо шудааст. Мехоҳам асарҳои детективии Агата Кристиро хонда бошам, ки онро дӯсти ман аз кампираки русе ба нархи ночиз харидорӣ кардааст.
Беҳтарин асаре, ки хондаам: "Гузашти айём" - и Ҷумъаи Одина;
Беҳтарин нависандае, ки мувофиқи табъи дили ман менависад: Сайф Раҳимзоди Афардӣ;
Китобе, ки тарзи навишташ хеле содда ва замонавӣ асту онро ман дар соати хеле ҳам кӯтоҳ хонда тамом кардаам:
"Марги журналист" - и Хуршеди Атоулло.
Китобе, ки орзуи навиштани онро дорам: "Ман, ту ва у ё Мо, шумо, онҳо?"
Ба нависандаҳо фақат барори кор хоҳонам. Нависандаҳое, ки ҳанӯз фикри тоза дар сар доранд. Дигар, вассалом.
Каюмарс
-------------------------------------
Дар Тоҷикистон ба ҷуз китобҳои ҷаноби Раҳмонов дигар китобҳои босифат чоп намешаванд. Шумораи китобхонҳои Тоҷикистон ба назарам 1 фисадро ба зӯр ташкил медиҳад.
Зеро аксарияти мардум дар фикри чи гуна нон ёфта, рӯз гузаронидан овораанд. Дар Тоҷикистон шумораи нашриётҳои хусусӣ зиёд шуда бошанд, хам ягон китоби дурусти хонданиро намеёби, ки хонӣ. Ба назар чунин мерасад, ки дар кишвар пас аз фирор намудани аҳли зиё ба хориҷа на нависанда мондааасту на китобхон. Худи ман фақат ба забонҳои русию англисӣ китоб ёфта мехонам. Дар ду-се соли охир ба забони тоҷикӣ ду китоби нави хонданӣ ёфтаам, ки инҳоянд: "Марги журналист" аз Хуршеди Атовулло ва як маҷмӯаи шеъри Фарзона
Боқӣ дигар дар назди китобфурӯшон китоби хонданиеро намеёбӣ, фақат лашу луш...
Эҳ китоб бошад, ки хонӣ!!!!
Аслам
--------------------------------
Ман ҳам китоб мехонам. Китобе, ки ормон, мақсад ва таърихи миллати ман ва ҳар кишвари дунёро дар худ таҷассум карда бошад. Имрӯз, адибони тоҷик хеле маҳсули эҷодии кам доранд. Бар замми ин, нархи китоб он қадар баланд аст, ки на ҳар кас метавонад онҳоро харидорӣ кунад. Падарам китобхонаи шахсии худро дорад, ки дар он тамоми китобҳои замони шӯравӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо маҳфузанд ва ман бемалол аз онҳо истифода мекунам. Ва ин хислат кам-кам дар худи ман низ зоҳир мешавад. Бештар ба харидани китобҳо ва рӯзномаҳо шавқ дорам. Дар ҳамин ҳол, гуфтанӣ ҳастам, ки аввал мардуми мо, хоса, ҷавонон нахуст хондани рӯзномаро ёд гиранд. Онҳо ҳанӯз аз рӯзноманигорон ҳамчун хонанда талаб намекунанд. Намедонам, чаро.
Дабири Кабир, ноҳияи Ашт
----------------------------------------------------
Ман дар синфи 8-ум таҳсил мекунам ва ҳар рӯз 1 соат китоб мехонам. Ҳар кас хонад, барои худаш мехонад. Аммо ман ҳам тарафдори китобдӯст будани ҳама мебошам!
Файзалӣ, мактаби рақами 48, ш. Душанбе
--------------------------------------
Ман дар Маскав муҳоҷир мебошам ва дар ин ҷо мағозаи китобфурӯшӣ то соатҳои 1-и шаб кор мекунанд. То анҷоми кор дар ин мағоза харидорони китоб кам намешаванд. То 1-и шаб дар ин ҷо навбат мепоянд, то китоби дилхоҳашонро харидорӣ намоянд. Ҳангоме ки бо ҷавонон гуфтугӯ менамоӣ, онҳо ба ту аз китобҳои хондаат баҳо медиҳанд. Яъне чӣ қадар китоб ва чигуна китобе ки хондаӣ, саводат ҳам ҳамин қадар аст. Агар китоб нахонда бошӣ, сӯҳбати онҳо бо ту тӯлонӣ нахоҳад буд. Агар ҷавони рус як шаб то 10-20 саҳифа китоб нахонад, хоб намеравад. Аммо, мутаассифона, дар Тоҷикистон хондани китоб айб шудааст, чаро?
Муҳоҷир
---------------------------------
XS
SM
MD
LG