Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи "Раҳмон Набиев" дар Душанбе боқӣ монд


Мусобиқаи ҷумҳуриявии дастаҳои баскетболи наврасон барои дарёфти ҷоизаи хотираи Раҳмон Набиев, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон - варзишгарони шаҳри Душанбе хотима ёфт. Дастаи аввали писаронаи пойтахти ин кишвар дар бозии ниҳоӣ, ки дар қасри варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор шуд, бар тими шаҳри Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 72 бар 40 ғалаба кард. Дастаи аввали духтаронаи Душанбе дар бозии ниҳоӣ тими дуввуми пойтахти ин кишварро бо натиҷаи 58 бар 33 шикаст дод. Евгений Немов, сардовари мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо баскетболбозони навраси синнашон то 17-сола ширкат карда маҳорати баланд нишон доданд. Ба андешаи ман, афзуд сардовар, ин мусобиқа барои рушди баскетбол дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Ва як хабар аз мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал. Дар даври даҳум дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1, «Меҳнат»-и Колхозобод бар дастаи меҳмон- «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 3 ғалаба карданд. Дидори «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо «Ориёно»-и Душанбе бо натиҷаи мусовӣ- 1 бар 1 хотима ёфт. Ба ин тартиб «Тоҷиктелеком» бо 25 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст. «Ориёно бо 22 имтиёз мақоми дуввум ва «Динамо» бо 17 имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунанд. Фозил Сатторов, ҳамлагари «Тоҷиктелеком», ки 11 гол задааст, алъон дар рақобатҳои беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал аст.
XS
SM
MD
LG