Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон насиби кӣ шуд?


Бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 5 ҳазор тамошобин сурат гирифт, шоми чоршанбеи 5 октябр хотима ёфт. «Регар» ТадАЗ бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 4 бар 2 ғалаба кард.

Нахуст, дастаи «Вахш» муваффақ гашт. Дар дақиқаи 30-юми нимаи аввали бозӣ Назир Ризомов, ҳамлагари «Вахш» ҳангоми ҳуҷум дар назди дарвозаи ҳариф бо «кӯмак»-и бозингарони ҳариф аз по афтид. Сардовар Ориф Ҷӯраев ба дарвозаи «Регар» ТадАЗ ҷаримаи ёздаҳметра таъин намуд. Аслиддин Ҳабибуллоев, дарвозабон ва капитани «Вахш» тӯбро аз нуқтаи ёздаҳметра ба ҳадаф расонда ҳисобро боз кард.

Дар дақиқаи 42-юми нимаи дуввуми бозӣ айнан чунин вазъият дар ҷаримагоҳи «Вахш» рух дод. Шӯҳрат Ҷабборов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ-ро бозингарони «Вахш» аз по афтонданд. Сӯҳроб Ҳамидов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ пас аз задани зарбаи ёздаҳметра ҳисобро баробар намуд. Вақти асосӣ бо натиҷаи мусовӣ - 1 бар 1 хотима ёфт.

Тибқи низомномаи мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон аввал 30 дақиқа вақти иловагӣ - ду қисми понздаҳдақиқагӣ таъин шуд. Вале дар вақти иловагӣ низ ҳисоб тағйир наёфт.

Ниҳоят дастаи ғолиб бо задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра муайян гашт. Ҳарсе тӯби задаи бозингарони «Регар» ТадАЗ ба ҳадаф расид. Вале аз чаҳор тӯби задаи бозингарони «Вахш» танҳо яктоаш вориди дарвоза шуд. Ба ин тартиб «Регар» ТадАЗ бо натиҷаи умумии 4 ба 2 пирӯз гашт ва севвумин бор соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон шуд.

Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1992 инҷониб чордаҳумин бор баргузор шуд. Нӯҳ даста барандаи Ҷоми футболи ин кишвар гаштааст. «Регар» ТадАЗ аз ҳама бештар - се бор муваффақ ба дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG