Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳизби нав дар остонаи саҳнаи сиёсӣ


Дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон аз вуҷуди худ эълон доштани се созмони нав -- Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби ҷавонони пешқадам намоянадагон ва тарафдорони аҳзоби дигари сиёсии кишвар ба хусус ҳизбҳои мухолиф ба ҳукуматро нигарон кардааст. Мояи нигаронии онҳо ин будааст, ки ҳукумат аз ҳоло омодагӣ ба интихоботи президентиро ба таври ғайрирасмӣ шурӯъ намуда, ба хотири танг кардани майдони фаъолият барои ҳизбҳои мухолиф ҳизбҳои наверо таъсис медиҳад. Ба назари муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев ин се ҳизби нав фармоишӣ мебошанд: "Ин ҳизбҳо ҳизбҳои фармоишӣ ҳастанд ва ин ҳизбҳо фақат хизмати ҳизби ҳокимро бояд кунанд ва ин ҳизбҳо ба хотири интихоботи президенти кишвар таъсис ёфта, бо ҳизби ҳоким ҳамкор ва ҳамақида мешаванд, то саҳнаро ба даст гиранд. Фикр мекунам, ки ин бар зидди ҳизбҳоест, ки як нигоҳи мухолиф нисбати сиёсати имрӯзаи ҳукумат доранд."
Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2006 баргузор хоҳад шуд. Намояндагони аҳзоби мухолиф дар интихоботи оянда бо такия ба таҷрибаи интихоботи гузаштаи порлумонӣ як эътилоф таъсис и доданианд. Ин фикри аҳзоби мухолифро раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов низ пешбиниӣ мекунад вай аз ҷумла мегӯяд: "Ман фикр мекунам ки Ҳизби халқию демократи Тоҷикистон аз ин таҷрибаи ҳизбҳои мухолиф дар ташкили эътилоф сабақ гирифта, нақша дорад, дар интихоботи навбатӣ эътилофи худро ташкил диҳад."
Аммо намояндаи Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон ин фикрро рад мекунад. Мӯсо Асозода мегӯяд, тибқи қонуни интихоботи Тоҷикистон ин се ҳизб, ки дар зарфи як сол то интихобот сабти ном нашудаанд, ҳаққи пешбарии номзади худро надоранд, аммо чунин имкон доранд, ки дар интихобот аз номзади ин ё он ҳизб пуштибонӣ кунанд: "Ин ҳеҷ воқеият надорад ман бовар надорам ки ин ҳизбҳо тарафи як ҳизби дигареро гиранд. Албатта, Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон ҳизби бонуфуз аст ва роҳбари ин ҳизб дар ҷомеа ва дар арсаи байналхалқӣ обрӯи хеле калон дорад ва мумкин аст ки ҳизбҳое шаванд ки дар интихоботи оянда ин ҳизбҳо тарафдории яке аз ҳизбҳоро гиранд ва номзадии ҳамин ҳизби пешниҳодшударо боз тарафдорӣ ҳам кунанд."
Масъули ҳизби тоза таъсиси ҷавонони пешқадам Саидҷаъфар Исмонов собиқ узви ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад. Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев мудири Пажӯҳишгоҳи Вазорати нақлиёти, яъне як ниҳоди давлатӣ ба шумор меояд. Ва аммо Вазорати адлияи Тоҷикистон дар мавриди Ҳизби аграрӣ мегӯяд, чунин як ҳизб дар садади таъсисёбист, вале дар бораи масъулини он иттилое вуҷуд надорад ва ин ҳизб бо ҳизби пешинаи аграрарӣ, ки раиси он Ҳикматулло Насриддинов буд, ҳеҷ иртибот надорад. Фаъолияти Ҳизби аграрии Насриддинов охирҳои соли 1999 аз тарафи Вазорати адлия боздошта шудаааст.
Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ин андешаро, ки гӯё ҳизби ӯ фармоишӣ ва ҷайбӣ аст, беасос мешуморад: "Ҳадафи оинномаи мо аслан вақте ки мо ислоҳоти иқтисодӣ мегӯем номи ҳизбамон аз ҳамин чиз баромадааст. Ислоҳот кардан ин дуруст кардан, беҳтар кардан аст. Бино бар ин мақсади мо ҳам раванди механизмҳои иқтисодиро беҳтар кардан, хубтар кардан ва дар ин замина ҳал кардани масъалаҳои иҷтимоию сиёсии ҷомеа аст." Бобоев ҳамчунин афзуд танҳо пас аз сабти номи ҳизб метавонад, дар бораи шеваи ширкати он дар интихоботи президентӣ ҳарф бизанад.

Ҳамин тавр, агар ин се ҳизби нав расман ба қайд гирифта шаванд шумори аҳзоби сиёсии икшвар ба 9 хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG