Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ медали Тоҷикистон дар Теҳрон


Варзишгарзанони Тоҷикистон дар чаҳорумин давраи бозиҳои варзишии бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон нӯҳ медал - ду тилло, як нуқра ва шаш медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои Фарид Солеҳов, сухангӯи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дастаи мунтахаби занонаи камонварии ин кишвар бо медали тилло сарфароз шуд. Ситора Мирзоева дар рақобатҳои инфиродии варзишгарони маълул дар риштаи тенниси рӯи миз муваффақ ба дарёфти медали тилло гардид. Ҳамдастаи ӯ Санавбар Халилова бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Боз як теннисбози маълули тоҷик - Марзия Эргашева дар рақобатҳои инфиродӣ соҳиби медали биринҷӣ гашт.

Ба Мадина Эргашева низ дар роҳравии варзишӣ ба масофаи 3 километр медали биринҷӣ супурда шуд. Ҳамчунин чаҳор нафар аъзои дастаи мунтахаби таэквон-до (WTF)-и Тоҷикистон - Таҳмина ва Парвина Исомоваҳо, Парвина Розиқова ва Гулчеҳра Раҳимова медали биринҷӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG