Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯгоҳи Роғун


CA Назари Шумо ба сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки замоне мухолифони зиёд дошту имрӯз тарафдорони зиёд дорад, чист?

Аз саргирии сохтмони Роғун барои ҳамаи миллати мо тоҷикон аст. Ҳоло барои мо фарқ намекунад, ки президент Раҳмонов худро барои интихоботи соли 2006 омода мекунад. Имрӯз мо мебинем, ки дар Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ ин ҳама тараққиёт ба вуҷуд омадааст ва нерӯгоҳи Роғун ҳам яке аз пешраф ва тараққиёт барои мардуми азизи мо мебошад. Мо ҳамеша баладем, ки айб гирем. Масалан дирӯз муҷассамаи Сомониро рост карда буданд, ҳама дар ҷои ин ки хурсанд бошанд, фақат корашон айбгирӣ аз ҳукумат буд ва имрӯз, ки Роғунро рост карда истодаанд, ҳама боз ҳамон айбгириро фаромӯш накардаанд ва ба ҷойи ин ки дастгирӣ кунанд, фақат корашон таъна задан аст.
Шаҳноза
Душанбе



Эҳёи сохтмони Роғун барои иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хеле муфид хоҳад буд. Лекин як чизро набояд фаромӯш кард. Роғунро ширкати хусусии хориҷӣ месозад, ки пеш аз ҳама мақсадаш даромад ба фоидаи худ аст. Гумон аст, ки қувваи барқе ки дар Роғун тавлид мегардад, ба аҳолӣ ба нархи арзон фурӯхта шавад ва ҳатто гумон аст, ки умуман ба мардум расад, чунки ин нирӯгоҳ пеш аз ҳама барои истеҳсоли алюминиум сохта мешавад. РусАл иқтидори корхонаи алюминии ТадАЗ-ро зиёд карда, як корхонаи наве сохтанӣ аст, ки қувваи барқи зиёдеро талаб хоҳад кард. Барои муқоиса, агар дар Тоҷикистон ТадАЗ намебуд, иқтидори нирӯгоҳи Норак тамоми эҳтиёҷи кишварро ба барқ ба таври кофӣ бароварда месохт. Ва гумон аст, ки РусАЛ нақшаи худро ба хотири рафъи эҳтиёҷи мардуми Тоҷикистон пеша кардааст. Ҳамчун саҳмгузори асосии сохтмон ва соҳиби асосии нирӯгоҳ, РусАл қувваи барқро чӣ тавре ки хоҳад истифода мекунад. Боқимондаи онро, агар чизе монд, Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя хоҳад фурӯхт. Биноан, орзуи барқи бепул ва ё арзон барои аҳолӣ як хаёле беш нест.
Ба ин нигоҳ накарда, таъсири ин гуна иншоот ба иқтисодиёти кишвар бояд хеле назаррас бошад. Ҷойҳои нави кор пайдо хоҳанд шуд ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт мумкин аз ин рӯйдод фоида бинанд.
Бо эҳтиром,
Анвар
------------------------------------
Ин ҳама тантанаҳои нави Роғун аз ду ҷиҳат ба амал омадааст. Аввалан, Маскав мехоҳад намоиш диҳад, ки дар ҳақиқат ба ивази гузаштҳои Тоҷикистон барномаеро дар ин кишвар роҳандозӣ мекунад. Сониян, президенти Тоҷикистон Раҳмонов мехоҳад, ба интихоботи нави раёсатҷумҳурӣ омода шавад. Вагарна, ин қадар сол касе ба фикри Роғун набуд.
М. Назаров аз Лаҳистон
------------------------------------
Назари ман ин аст, ки бояд нирӯгоҳ сохта шавад, аммо бо назардошти тадқиқоти техникии фоида ва зарари он. Тоҷикистони мо замини кам дорад ва онро набояд ба обанборе бадал кард, ки баъдан вақте пур аз гил мешавад, надониста бошем, ки бо он чӣ кор бояд кард. Беҳтар буд, бо сохтани нирӯгоҳҳои хурд дар дарёҳои кӯҳӣ ҳамон миқдор нирӯи барқ ҳосил карда шавад. Аммо аз ҷониби дигар як худи он ки ҳазорон нафар ба ин баҳона ҷойи кор меёбанд ва дар Русия кори сахт намекунанд, боз ҳам хабари баде нест.
M.J
-------------------------------------
Боздошта шудани сохтмони нерӯгоҳи Роғун иштибоҳи азиме буд. Масалан, дар Туркманистон, ки нерӯгохи обӣ ҳам надорад, барои мардум қувваи барқ бепул аст. Наход мо натавонем, ки бо арзонтарин қувваи барқ халқи худро аз торикӣ ва сардӣ раҳо кунем? Охир дар ноҳияҳо фасли зимистон мардум аз гармӣ ва рӯшноӣ маҳруманд. Роғун имконият фароҳам карда метавонад, ки қувваи барқ ақаллан барои аҳолӣ бепул шавад. Эҳтиёҷ ба гази ҳамсояҳо низ намемонад. Ба ғайр аз ин, нерӯгохи барқи обӣ аз ҷиҳати экологӣ ҳам безарар мебошад, дуд ва дигар ифлосӣ надорад.
Шаҳрванди пойтахт.
---------------------------------------
XS
SM
MD
LG