Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайвони зебо ва дар ҳоли нобудии Бадахшон


Мудири Пажӯҳишгоҳи ҷонваршиносии Помир Мамадшо Қадамшоев гуфт, 40-50 сол қабл дар Тоҷикистон 500 сар бузҳои пармашох ва ё морхӯр сукунат дошт, ки дусад сари он дар вилояти Бадахшон буданд. Аммо таҳқиқоти ахири олимон нишон дод, ки аз ин ҷонварони зебо дар вилояти Бадахшон танҳо 25 ё 30 сар боқӣ мондааст.

Мамадшо Қадамшоев гуфт: "Сол аз сол шумори ин ҷонварон кам мешавад. Соли 2003 мо дар дараи Яхчи поён 9 сари онҳоро мушоҳида кардем, ки ду сари онҳо бузҳои наринаи калонсол буданд ва боқимонда бузҳои модина ва хурд. Аз ин сабаб ба назари ман саршумори ин бузҳои нодир дар Бадахшон аз 25- 30 сар зиёд нест. Мавҷудияти ин ҷонварҳои зебо дар хатар аст."

Ба гуфтаи олими тоҷик, шароити иқлимии Помир як омили афзоиш наёфтани бузҳои морхӯр аст, зеро ин навъи ҷонварон макони гармро, хуш доранд, ки Бадахшон чунин нест. Ва ҳамчунин ҷангалзорҳои кӯҳӣ низ аз макони аслии ин ҷонварон маҳсуб мешавад.

Дар Бадахшон бузи морхӯрро танҳо дар ноҳияи Дарвоз дар дараҳои ба минтақаи Кулоб наздик дидан мумкин будааст. Мамадшо Қадамшоев мегӯяд, қимматбаҳо будани шохи печидаву дарози ин ҳайвони нодир, ки арзишаш дар бозори ҷаҳонӣ 42 ҳазор доллар аст, камҳаракатии ин ҷонвар ва тағйири ҷойи сукунат накардан сабаби ба осонӣ тӯъмаи шикорчиён ва даррандагон шудани бузи морхӯр мешавад.
XS
SM
MD
LG