Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гули Сурх" бар зидди СПИД мубориза мебарад


Севар Комилова, раиси созмони тозатаъсиси мубориза бо СПИД мегӯяд, дар ин созмони ғайридавлатӣ, хидматрасонӣ ба беморон бо истифода аз таҷрубаи пизишкони кишварҳои аврупоӣ ва ба таври хеле холисонаву махфӣ ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи кормандони ин созмони тозатаъсис, ба ҳеҷ ваҷҳ шахсияти ин беморон, ҳатто барои пайвандонашон ошкор карда намешавад:

"Ба маркази мо аслан ҳамонҳое меоянд, ки аллакай медонанд, ки гирифтори ин вирус ҳастанд ва медонанд, ки ягон кас дар ин бора намефаҳмад ва бо нафарони мисли худ дар ин ҷо во мехӯранд аз ин ҷо маводи хӯрока ва дору мегиранд."

Ба кавли хонум Комилова, дар маркази мазкур барои занони ҳомиладор, ки гирифтори ВИЧ - СПИД ҳастанд, шароити махсуси табобат вуҷуд дорад ва чунин занҳо то замони ҳамл ва баъди он низ худу тифлашон зери назари пизишкон қарор дошта вазъи ҳамарӯзаи саломатии онҳо назорат мешавад. Севар Комилова:

"Ҳоло дар миёни беморони мо як зани ҳомиладори гирифтори ВИЧ аст ва мо ба ӯ доруву дармони лозима медиҳем ва бояд ӯро худамон барои таваллуд карда барем ва тамоми рафти таввалудашро зери назар дошта бошем, Занҳо 4 фоиз мебошанд дар миёни беморони мо."

Аъзам Мирзоев, раиси маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД, таъсиси чунин як созмонро мутобиқи талабот медонад:

"Масалан, ҳастанд нафароне, ки намехоҳанд ба маркази мо оянд ва ин хуб аст, ки беморон имкони интихоб доранд ва дар ҷое ки ба худашон маъқул аст табобату маслиҳат мегиранд."

Бино ба иттилои созмони "Гули Сурх" феълан теъдоди мубталоёни бемории ВИЧ дар Тоҷикистон беш аз 450 нафар буда чаҳор фоизи эшонро занон ташкил мекунанд. Тибқи хабари хабари ҳамин манбаъ, дар 5 моҳи ахир, 2 нафар, як зан ва як марди ҷавон бар асари ҳамин беморӣ даргузаштанд.
XS
SM
MD
LG