Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноқаноатмандии вазири маориф аз низоми нави таълим


Бохтар Маъмурзода Носирҷон

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон аз натоиҷи аввалияи низоми нави таълим, ки ба тозагӣ дар баъзе макотиби кишвар аз сӯйи Оҷонси рушди байналмилалии Амрико USAID ҷорӣ шудааст, изҳори ноқаноатмандӣ кард.

Оқои Раҳмонов ба як мактаби ҳамагонӣ дар ноҳияи Бохтар, 100-километрии ҷануби Душанбе, ки бо кӯмаки молии сафорати Амрико тармим шудааст, рафт ва бо хонандагон сӯҳбат анҷом дод. Дар ин мактаб тибқи лоиҳаи ПИКС-и USAID низоми нави таълим бо номи «Қадам ба қадам» ҷорӣ шудааст ва омӯзгорони таълимгоҳ бо маоши иловагӣ аз сӯйи ин ташкилот таъмин карда мешаванд. Аммо вазири маорифи кишвар аз натоиҷи нахустини ин низоми таълим изҳои ноқаноатмандӣ кард.

Дар ҳамин ҳол Наргис Раҳмонова, ҳамоҳангсози лоиҳаи ПИКС мегӯяд, вазири маориф тоза дар ин вазорат ба кор шурӯъ кардааст ва бо аҳдофи аслии лоиҳаи мазкур ҳанӯз ошно нест: "Ба фикри ман, мо агар бо усулҳои нави таълим кор кунем, дониши атфол зиёдтар мешавад. Натиҷаҳои низоми таълими "Қадам ба қадам"-ро, ки усули интерактивӣ аст, пас аз ду сол метавонед, бубинед."

Ҳамзамон Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, бо раиси вилояти Хатлон сӯҳбат доштааст ва дар ин дидор қарор шудааст, хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳо ба мавсими имсолаи ҷамъоварии пахта сафарбар нашаванд.

Вай ҳамчунин бо интиқод аз фаъолияти заифи омӯзгорони макотиби кишвар гуфт, то як дараҷа пойин рафтани сатҳи саводнокии хонандагон ӯро нигарон кардааст. Оқои Раҳмонов афзуд, ҳамчунин мушкили камбуди китобҳои таълимӣ ва мизу курсӣ дар макотиби миёна аз мавзӯъҳои дигари сӯҳбати ӯ бо масъулини вилояти Хатлон будааст.
XS
SM
MD
LG