Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарзанди халқи тоҷик Абӯалии Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ


Раисиҷумҳури Точикистон афзуд, шинохти шахсияти Ибни Сино, як тан аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, имкон дорад, ки ба идеологияи ваҳдати миллӣ ва худшиносии тоҷикон мусоидат кунад. Зеро осори Ибни Сино дар ташаккули забониву қавмии миллати тоҷик 1000 сол муқаддам низ саҳми назаррас доштааст: "Оосори адабии ӯ бо забони форсии тоҷикӣ, арабӣ дар пешрафти адабиёти тоҷику форс ва ташаккули забони мо нақши барҷаста дорад. Бояд гуфт, ки дар қарни 10 милодӣ дар хонадони тоҷик ба дунё омадани нобиғае ба мисли ибни Сино амри тасодуф нест. Зеро замони зиндагонии Абуалӣ ибни Сино яке аз давраҳои тиллоии адабиёту фарҳанги мо буд, ки давлатдории Сомониёнро шӯҳрати ҷаҳонӣ додааст."
Ва аммо дар симпозиум, сӯҳбат усулан сари осори гаронбаҳои Ибни Сино рафт. Акадаемик Рожанская, як тан аз пажӯҳишгарони русии осори Абуалӣ Ибни Сино гуфт, Шайхурраис Ибни Сино дар асрҳои мутаваасит ба илми риёзӣ ифодаҳои ҷадид ва мафҳумоти геометрӣ ворид кардааст. Мамадшо Илолов, раиси Академияи Илмҳои кишвар гуфт, дар баробари рисолаҳои илмии риёзӣ, физикӣ, кимиёвӣ ва фалсафӣ Ибни Сино дар самти идории давлатӣ низ аз чанд асари илмӣ кор гирифтааст. Ва аммо ба иттилоъи Мӯсо Диноршоев -раиси донишакадаи фалсафаи АУ ҶТ уламои тоҷикистонӣ ба осори фалсафии Сино танҳо дар солҳои 80 асри гузашта, замони таҷлил аз 1000 солагии ӯ даст ёфтанд. Мӯсо Диноршоев афзуд, уламои тоҷик собит кардаанд, ки ақидаи "шореҳи фалсафаи Суқроту Арасту" будани Ибни Сино, ки дар Эрону Афғонистон роиҷ аст, хатост ва Ибни Сино худ файласуф аст ва дар мантиқ, фалсафа, маърифати назариявӣ таҳаввулоти назаррас ворид кардааст».
Аз Ҳасаналии Муҳаммадӣ олими эронӣ ва меҳмони симпозиум мепурсам, ки то кадом ҳад ба гуфтаҳои оқои Диноршоев мувофиқ аст? Ӯ мегӯяд, «дар айёми шубоб Сино осори тафсирӣ бар асарҳои файласуфони юнонӣ навиштааст ва аммо баъд ҳамчун як файласуфи комил тараққӣ кардааст». Ва аммо дар мавриде ки Абуалӣ Ибни Сино дар Тоҷикистон ҳамчун табиби исонафас маъруф аст, дар Ирон ӯро ҳамчун файласуф бештар медонистаанд. Мусоҳиби ман меафзояд, «Ибни Сино ҳамчун адиб дар Ирон кам шинохта шудааст».
Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Боймурод Шарифзода - раиси факултаи филологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон «Абуалиро дар Тоҷикистон ҳамчун шоир ва соҳиби рисолати адабӣ мешиносанд».
Сайид Аббоси Бино- масъули бахши фарҳанги Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, «Ибни Сино, ифтихори мардуми форсизабон аст, ва баргузории ин симпозиум ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ дар байни Ирону Афғонистон ва Тоҷикистон мувофиқат мекунад».
Дар анҷоми бахши авали конфронси илмӣ, ки дӯ рӯз идома меёбад, президент Раҳмонов бо пешниҳоди Мӯсо Диноршоев тасмим гирифт, ки дар кишвар Пажӯҳишгоҳи вижаи осори Ибни Синоро таъсис диҳад. Интизор меравад, ки дар ин пажӯҳишгоҳ тамоми осори Абулӣ ибни Сино бо шумули 250 рисолат, дар ҳаҷми 169 китоб ҷамъоварӣ ва ба забонҳои хориҷӣ тарҷума мегарданд.
Конфронси байнулмилалии «Ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ», ки дар он олимони соҳоти мухталифи илм, аз Ирону Афғонистон ва Қирғизистону Русия ширкат доранд, то ду рӯзи дигар дар Донишкадаи Фалсафа, таърих ва филологияи АУ, дар институти забон ва адабиёти АУ, Донишкадаи табиатшиносӣ, Риёзӣ, Фалсафа ва Тиб идома меёбад, ки дар он паҳлӯҳои бекарони фаъолияти илмии ибни Сино - шурӯъ аз илми мусиқа то тиббу риёзиёт ва мантиқу ҳандаса мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳукумати ҶТ барои баргузории конфронси мазкур ҳудудан 170.000 сомонӣ баробар ба 60.000 доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG