Пайвандҳои дастрасӣ

Телефони мобил -- ангезандаи саратон?


Дар Тоҷикистон солҳои ахир шумораи телефонҳои ҳамроҳ ва ё мобил, бо суръат густариш меёбад. Аз ин сабаб, фикр кардам, ки донистани таъсири истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобил ба саломатии инсон ба шумо муҳим бошад. Дар кишварҳои Ғарбӣ бо афзоиши истифода аз телефонҳои ҳамроҳ, чунин овозаҳо паҳн шуданд, ки мобил тадриҷан ба пайдоиши бемории саратон мусоидат мекунад. Ҳатто баъзе беморон барои ситонидани ҷуброни молӣ мехостанд, ширкатҳои мобилро ба додгоҳ кашанд. Аммо хабари хуш барои тамоми соҳибони телефони ҳамроҳ ин аст, ки тибқи натиҷагирии олимони Британия, телефони мобил ба вазъи тандурустии инсон ҳеҷ таъсири бад надорад. Хуб, агар истифодаи аз ҳад зиёди мобил кадом таъсири бад дошта, ин таъсир ба ҳамёни шумо аст, на ба вазъи саломатиятон. Пажӯҳишҳои илмӣ нишон додаанд, ки миқдори зиёди шуои ренгтен дар соҳаи тиб метавонад бемории саратонро ангезиш диҳад. Телефонҳои мобил низ як миқдори ками радиоатсия доранд, вале дар воқеъ ин миқдори хеле ночиз аст. Олимони Пажӯҳишгоҳи бемориҳои саратони Британия
тақрибан бо 4000 сокини Британия, Финландия, Шветсия ва Норвегия, бо онҳое, ки дар тӯли солҳои зиёд ба таври фаровон аз мобил истифода мекарданд, дар тамос шуданд.
Натиҷаҳои пажӯҳишро аз Раҳбари ин барнома Энтони Свердлоу мешунавем: "Дар байни онҳое, ки то 10 сол ё камтар аз он, аз телефони мобил истифода мекарданд, ҳеҷ робитае байни истифодаи мобил ва бемории саратон дида намешавад. Дар мавриди онҳое, ки беш аз 10 сол мобил истифода кардаанд, мо маълумоти кам доштем ва аз ин сабаб ба хулосаи қатъӣ нарасидем. Бояд гуфт, ки гӯшиҳои нав, ки солҳои ахир сохта шудаанд, радиатсияи камтар доранд. Агарчи мобилҳои кӯҳна радиатсияи бештар доранд, мо ягон таъсири мобил ба саломатии инсонро мушоҳида накардем."

Ба ҳар сурат, телефони мобил, маҳсули технологияҳои нав аст ва ҳанӯз ҳеҷ кас таъсири дарозмуддати онро намедонад. Илова бар он, дар ҳоле, бачаҳои хурдсол низ фаровон аз мобил истифода мебаранд, то ҳанӯз ҳеҷ таҳқиқоти ҷиддӣ дар мавриди таъсири ин телефон ба саломатии хурдсолон сурат нагирифтааст. Аз ин сабаб, олимон машварат медиҳанд, ки падару модарон истифодаи аз ҳад зиёди мобилро ба хурдсолон иҷозат надиҳанд. Вале мову шумо, ба гуфтаи олимони британиявӣ, метавонем, бароҳат аз телефони ҳамроҳи худ кор бигирем.
XS
SM
MD
LG