Пайвандҳои дастрасӣ

Русия -- соҳиби 70% саҳм дар "Сангтӯда - 1"


Беш аз 30 дарсади саҳмияи нерӯгоҳи барқӣ - обии «Сангтӯда-1» дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. Паймон дар мавриди бунёди ин иншооти муҳим дар пайи боздиди ахири раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта миёни ҳукуматҳои ду кишвар ҳосил шуда буд. Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержии кишвар дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, то ин муддат ҷониби Тоҷикистон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, харидории таҷҳизот ва таъмини зисту маишати коргарони сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 121 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст, ки 30 дар сади хароҷоти умумии корҳои сохтмониро ташкил додааст. Оқои Бобоев мегӯяд, ҷиҳати бунёди ин нерӯгоҳ дастикам 350-400 миллион доллари дигар лозим аст, ки ин маблағро бояд ҷониби Русия пардохт намояд:

"Мисол ҳозир чӣ маъно дорад 30 фоизи мо? Вақте ки фарз кардем, агар мо бо ҳамин ҳолат қаноат кунем, вақте сохтмон ба анҷом мерасаду қувваи барқ тавлид мешавад, мо танҳо сӣ фоизи ҳамон барқро метавонем ба фурӯш барорем, 70 дарсади онро Русия соҳибӣ мекунад. Албатта мо мароқ дорем, манфиатдор ҳастем, ки пул ёбему ҳиссаи худро дар ин сохтмон зиёд кунем".

Оқои Бобоев то ҳанӯз мушаххас нашудани муқаррароти андозбандӣ барои корҳои сохтмонӣ дар нирӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро аз мушкили аслии ин иншоот дар ҳоли ҳозир хонд ва гуфт:

"Маблағгузорони хориҷие, ки барои сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» маводи сохтмонию таҷҳизот ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ меоранд, бояд аз андозҳо мутлақо халос бошанд. Ин масъала бошад, фақат дар сатҳи ҳукумат ҳал мешавад. Ҳамон вақте ки ин гуна қарорро тартиб доданд, шояд дурандешона фикр накарданд"

Дар ҳамин ҳол Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ба далели ҳал нашудани масъалаи андозбандии таҷҳизоти мавриди ниёз дар ин иншоот, чанд моҳ аст, ки коргарони тоҷик дар ин сохтмон аз гирифтани музди меҳнат маҳруманд. Ба қавли ҳамин манбаъ, феълан дар корҳои сохтмонии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 500 нафар машғули корҳои ибтидоии сохтмониянд. Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержӣ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон айни ҳол дар садади тасвиби як қарор аст, ки тибқи он ситонидани андоз аз истифодабарии фанноварию нақлиёт барои корҳои сохтмонӣ бекор карда мешавад. Қарор аст, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» моҳи апрели соли 2009 анҷом пазирад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG