Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба "Азия Плюс"


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода -- узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз чопи як мақола дар ҳафтаномаи "Азия Плюс" (А-Р) изҳори нигаронӣ ва муҳтавои онро тӯҳматомез арзёбӣ кард. "А-Р" таҳти унвони "Ӯро натавонистанд, ба зону шинонанд" роҷеъ ба ташкил ва анҷоми сӯйиқасд ба ҷони Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ Додситони кулли Тоҷикистон, дар августи соли 1992 матлабе интишор дод. Дар он аз ҷумла дахолати Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода сабаби барканории муҳофизони Ҳувайдуллоев шумурда шудааст. Аммо ҷаноби Тӯраҷонзода дар раддияи худ ва дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ ин нуктаро беасос ва тӯҳмат номид. Вай гуфт: "Аслан ман бо раҳматӣ Нурулло Ҳувайдуллоев муносибати хуби корӣ ва дӯстона доштам. Мо дар ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ бо ҳам мулоқот мекардем ва дар миёни мо хусумате вуҷуд надошт".

Ба навиштаи "А-Р", пайвандони собиқ додситони кул ин фарзияро, ки гӯиё Тӯраҷонзода дар як мулоқот бо Ҳувайдуллоев шарт гузоштааст дар сурати даст кашидани ӯ аз муҳофизони мусаллаҳ шахсан кафолати амнияти ӯро хоҳад дод, истисно накардаанд. Муаллифи мақола гуфт, ин нуктаро аз наздикон ва хонуми собиқ додситони кул шунидааст, аммо ба саволи ин ки далели тасбитшуда дар даст дорад, посух надод.

Тӯраҷонзода гуфт, бо хоҳиши Мақсуд Икромов, собиқ шаҳрдори Душанбе, ки барои додани хайма ба тазоҳургарон мавриди тафтиши додситонӣ қарор дошт, дар моҳҳои феврал ва ё марти ҳамон сол, бо додситони кул мулоқот карда буд, ки ягона сӯҳбати ӯ бо Ҳувайдуллоев будаааст. Вай мегӯяд, барканории муҳофизони мусаллаҳи мансабдорон бо дастури раиси ҷумҳури вақт дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ, дар оғози моҳи август сурат гирифта буд.

Нашрияи "Азия Плюс" дар мақола аз Нурулло Ҳувайдуллоев ситоиш карда, хостори таҳқиқи амиқи қазияи қатли ӯ дар охири августи соли 1992 шудааст. Он менависад, тарроҳон ва фармоишгарони ин сӯйиқасд номаълум боқӣ мондаанд.
--------------------------------------------------------
Назари як хонанда: "Оё ин як кӯшиши кофтани захмҳои гузашта ва аз нав ҷанг андохтани миллат нест? Мо аз ҷангу хархаша халос шудаем ва мехоҳем осуда ба сар барем."
savol2003@yahoo.com
1-уми сентябри соли 2005
-------------------------------------------------------------------------------
Номаи донишҷӯ: "Ман мақолаи "Азия Плюс"-ро аз интернет пурра хондам. Ба фикрам, дили нависанда ба рӯҳи Ҳувайдуллоев насӯхтааст. Тамоми ин навиштаи яктарафа ба хотири ҳамон як-ду ҷумла рӯи коғаз омадааст. Мақсад, бадном кардани Тӯраҷонзода ва эҳёи кинаҷӯӣ дар ҷомеа. Ба назарам, ниёзе набуд, ки Тӯраҷонзода ба он посух бидиҳад. Имрӯзҳо дар расонаҳо чи чизҳое нашр намешавад. Агар Тӯраҷонзода ин мавзӯъро нодида гирифта, аз канораш мегузашт, хеле беҳтар мебуд.
Бо эҳтиром, Бӯстон, донишҷӯ."
3-юми сентябри соли 2005
XS
SM
MD
LG