Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатҳи Помир


Ҳудуди 30 кӯҳнавард аз даҳ кишвари ҷаҳон қуллаи баландтарини Помир - қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ карданд. Ин қулла, ки пештар «Қуллаи Коммунизм» ном дошт, дар баландии 7495 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Раъно Собирова, раҳбари маркази байналмилалии кӯҳнавардии «Алп - Машков» ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин беш аз 100 нафар қуллаи дигари Помир - қуллаи Евгения Корженевскаяро, ки баландиаш 7105 метр аст, фатҳ намуданд. Дар фатҳи ин қулла тими мунтахаби Тоҷикистон низ таҳти сарварии Шамсиддин Қаҳҳоров ширкат кард.

Хонум Собирова гуфт, ҳамаи кӯҳнавардон барномаи худро ба ҷо оварданд ва экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар ҳайати беш аз 150 кӯҳнавард аз 22 кишвари ҷаҳон корашро муваффақона ба анҷом расонд.
Сергей Кафанов, кӯҳнаварди Русия мегӯяд, дар урдугоҳи аслии кӯҳнавардӣ - майдони яхистони Москвина, ки дар баландии 4600 метр воқеъ аст, тақрибан як моҳ ба сар бурданд. Вазъи мусоиди обу ҳавои Помир имкон дод , ки тибқи нақша амал намуда, корашонро пурсамар анҷом бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG