Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳуқуқтарин муҳоҷирони кории Русия


Дар ҳоле, ки муҳоҷирони кории Озарбойҷон, Арманистон ва Укроин дар моҳ аз Русия ба хонаводаҳои худ то 130 доллар интиқол медиҳанд, муҳоҷирони Осиёи Миёна тавоноии фиристодани танҳо 50-60 долларро доранд. Ин оморро Елена Тюрюканова ходими аршади Пажӯҳишгоҳи мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии Фарҳангистони Русия интишор додааст.

Ҷомеъашинос бо дархости Созмони Байналмилалии Кор бо 442 муҳоҷир дар вилоятҳои Маскав, Ставропол ва Омск ҳамсӯҳбат шуда, ба хулоса омадааст, ки муҳоҷирон бар ивази заҳмати сангин ба ҳисоби миёна танҳо сад доллар дастмузд мегиранд, вале ҳадди аққал аз чор се ҳиссаи заҳмати муҳоҷир ба ҷайби корфармоён меравад. Ин дар ҳолест, ки 62 дар сади муҳоҷирон бидуни рӯзи истироҳат, дар як ҳафта то 66 соат кор мекунанд. Бист дар сади муҳоҷирон муддатҳои дароз ҳаққи кори худро гирифта наметавонад, вале имкони тарк кардани корро ҳам надоранд, зеро шиносномаҳои онҳоро корфармо мегирад ва муҳоҷири бесанад, аз ҳама гуна ҳуқуқ бебаҳра мемонад.

Ин дар ҳолест, ки 40 дар сади назардодагон гуфтаанд, хостори зиндагии ҳамешагӣ дар Русия ва дарёфти шаҳрвандии ин кишвар ҳастанд. Бист дар сади муҳоҷирон тайи 5 соли ахир ба ватани худ нарафтаанд. Ба гуфтаи коршинос, ин раванд сабаби коҳиши нирӯи корӣ дар Қафқоз шудааст. Бисту панҷ дар сади нирӯи кории бештар таҳсилдидаи ин минтақа ба Русия муҳоҷират кардааст, ки синни миёнаи онҳо аз 17 то 35 сол мебошад. Коршинос тавзеҳ додааст, ҳар хонаводаи чоруми Гурҷистон ва ҳар хонаводаи саввуми Тоҷикистон дар Русия кор мекунад.

Дар идомаи гузориши муҳақиқ омадааст, дар аксари маворид давлат қобили ҷилавгирӣ аз истисмори муҳоҷирон нест. Аз сӯи дигар мегӯяд коршинос, худи муҳоҷирон низ ба меҳнати ғуломона тан додаанд ва аз бими интиқом аз сӯи корфармоён аз додхоҳӣ худдорӣ мекунанд.
Tajikistan: Migrant Dangers And Dreams
XS
SM
MD
LG