Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Очаи Биккаву Очаи Зикка ба Русия мераванд!


Рӯзи сешанбеи 23 август, таҳти сарпарастии вазорати ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва бо даъвати расмии ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикони муқими Русия гурӯҳи ҳунармандони тоҷик таҳти сарварии Толибҷон Бобоев, ҳунарпешаи шоистаи кишвар ба Маскав мераванд. Толибҷон Бобоев дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи ҳунармандон бо шумули театр - студияи ҳаҷвии «Очаи Бикка ва Очаи Зикка» ва сарояндаи маъруф Бурҳон Неъматов тӯли як моҳ тақрибан меҳмони тамоми шаҳрҳои бузургтари Русия шуда, барои мардикорони тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад:

«Мо алалкай омодаи сафарем ва авохири август ва моҳи сентябр дар Маскав, Екатеринбург, Новосибирск, Самара умуман то Чита ҳунарнамоӣ мекунем. Ба гурӯҳи мо дугонаи аз ҳама ҷангии ман Ҷумъахон Сироҷов, Бурҳон Неъматов ва ҳунармандону раққосаҳо шомиланд.»

Ва аммо ба иттилоъи садри гурӯҳ, аксари саҳнаҳои ҳаҷвии театр-студия ба зиндагонии мардикорони мусофири тоҷик бахшида шудааст. Нахустин ҳунарнамоии гурӯҳи ҳаҷвнигорони тоҷик дар Маскав 27 август баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG