Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори мардикорони ӯзбакистонӣ дар Тоҷикистон


Конибодом-Хуҷанд Қиссаи машҳури «Тошканд - шаҳри нон» барои мардуми минтақаи Водии Фарғонаи Узбакистон акнун маънии пешини худро гум кардааст. Садҳо тан мардикорони ин минтақаи Узбакистон умеди худро аз Тошканд - пойтахти кишвари худ канда, дар ҷустӯҷӯи ризқу рӯзӣ рӯ ба манотиқи наздимарзии Тоҷикистон овардаанд. Дар ноҳияи Конибом, 70 километрии шарқи Хуҷанд, наздик ба гузаргоҳи марзии Патар ахиран ҷойи ҷамъомади мардикорони узбак ташкил шудааст. Сокинони маҳал онро «бозори мардикорони узбакистонӣ» ном мондаанд.

Нимрӯзи 17 август дар ин бозори мардикорӣ тахминан сӣ нафар мардони узбакистониро дидам, ки дар интизори корфармоён меистоданд. Синну соли онҳо мухталиф, тахминан аз 20 то 50- сола ба назар мерасид ва канори роҳ, назди симхори марзӣ менишастанд. Зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, мардикорони узбакистонӣ, ки аксаран аз ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон будаанд, гуфтанд, барои дарёфти маблағ барои рӯзгузаронӣ ба қаламрави Тоҷикистон омадаанд.

Мутобиқи созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон сокинони манотиқи наздимарзии ин ду кишвар метавонанд, бидуни раводид ба ноҳияҳои наздисарҳадии ҳамдигар ворид шаванд ва дар давоми панҷ шабонарӯз ба сар баранд.

«Дар маҳалли зисти мо ҷои кор ва моҳонаи кофӣ нест. Пас, дар чунин шароит ман кӯдакони худро чӣ тавр нигоҳубин кунам?» - гуфт яке аз мардикорони узбак ба Радиои Озодӣ. Вай афзуд, 32 сол ва ҳунари дуредгариву хонасозӣ дорад, соҳиби се фарзанди хурдсол аст, аммо ҷои кор надорад. Ҷойҳои корие ҳам, ки дар маҳалли зисташ дар Узбакистон пайдо кардааст, маоши хеле кам доранд.

Бархе аз мардикорон, ба гуфтаи худашон, дорои маълумоти олии техникӣ ва муаллимианд, аммо баробари тахминан сӣ доллари амрикоӣ моҳона мегиранд, ки барои пешбурди зиндагиашон кифоят намекунад.
Аз мусоҳибонам мепурсам - оё дар Тоҷикистон кор меёбанд, дар ҳоле, ки қисмати умдаи мардону занони Конибодом ба қасди мардикорӣ ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд?

«Ин ҷо барои мо наздик ва омадурафт осон аст, барои ҳамин мо барои коркунӣ ҳамин ҷоро интихоб намудем», мегӯяд, яке аз ҷавонони мардикори узбак ва меафзояд, «Дар ин ҷо мо асосан ба корҳои сохтмон, ба мисли хонапӯшиву дуредгарӣ машғул мешавем. Умуман - ҳар коре ки фармоянд, иҷро мекунем.»

Мардикорони узбак мегӯянд, онҳо дар Конибодом ва гоҳо Исфара аз роҳи мардикорӣ дар як рӯз 15-20 сомонӣ маблағ ба даст меоранд. Инҳо нафаронеанд, ки барои мардикорӣ дар кишварҳои дигари дур маблағи сафар дар даст надоштаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, теъдоди зиёде аз мардону занони вилояти Фарғонаи Узбакистон дар кишварҳои СНГ, ба хусус Русия машғул ба мардикориву тиҷорат ҳастанд.

Ҳарчанд мардикорони узбак дар манотиқи наздимарзии Тоҷикистон, аз ҷумла Конибодом ҳуқуқи то панҷ рӯз озодона ба сар бурдан доранд, аммо коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки онҳо зимни кору зист дар Тоҷикистон бо мушкилоти гуногун мувоҷеҳ мегарданд.

Зайниддин Орифӣ - коршинос аз шаҳри Конибодом: «Имрӯз дар бисёр манзилҳои шахсие, ки сохтмон дорад, мардикорон аз Узбакистон кор мекунанд. Шумораи онҳо имсол назар ба соли 2004 дар Конибодом зиёд шудааст. Онҳо аксаран аз ноҳияи Бешариқ ва баъзеҳояшон аз шаҳрҳои Қӯқанд ва Андиҷон меоянд. Солҳои пеш кормандони ҳифзи ҳуқуқи Конибодом ғолибан нисбати мардикороне, ки дар қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ, масалан беш аз муҳлати таъиншуда меистоданд, санад тартиб дода, онҳоро депортатсия мекарданд. Яъне ин амал ҷанбаи сиёсӣ надошт. Ҳозир мардикорони узбакистонӣ ҳаракат мекунанд, баъди поёни мӯҳлати панҷрӯза як бор ба ватанашон рафта, субҳи дигар боз барои панҷ рӯзи дигар ба Тоҷикистон баргарданд. Аммо гоҳо милисаи тоҷик барои мардикории ғайриқонунӣ ва насупурани андоз низ аз қаламрави Тоҷикистон берун мекунанд. Зеро мардикорони узбак бидуни қарордоди расмӣ дар манзилҳои хусусӣ кор мекунанд.»

Марзбонон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Конибодом ахиран танҳо дар як маврид 10 тан шаҳрвандони вилоёти Фарғона ва Андиҷони Узбакистонро ҳангоми ба таври ғайриқонунӣ ва бо роҳи пинҳонӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудан боздошт кардаанд. Додситонии Конибодом мегӯяд, нисбати 8 нафари онҳо дар заминаи марзшиканӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аммо ду нафар аз боздоштшудагон ба далели ноболиғӣ ва солхӯрдагӣ аз боздошти пешакӣ озод карда шудаанд. Вале ба иттилоъи ҳамин манбаъ, ин нафарони узбакистонӣ на аз барои мардикорӣ вориди Тоҷикистон шудаанд. Ва оё ҳадафи чаҳор бозоштшудаи андиҷонӣ дарёфти паноҳгоҳ дар Тоҷикистон будааст? Додситонии Конибодом дар ҳоли ҳозир ба далели ошкор насохтани сирри тафтиш аз ҷавоб ба ин пурсиш худдорӣ меварзад.
XS
SM
MD
LG