Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод дар иқтисоди Тоҷикистон


Ба иттилоъи дафтари матбуоти додситонии вилояти Суғд, аз сӯи ин мақомот дар давоми ҳафт моҳи имсол аз 100 парванда дар заминаи аз ҷониби шахсони соҳибмақом содир шудани ҷиноёти ришвахорӣ ва аз худ намудани амволи давлатӣ боз шудааст.

Бо иттиҳоми ришваситонӣ умдатан намояндаҳои табақаи миёнаи мансабдор, аз ҷумла - кормандони масъули идораҳои молияи ҳукуматҳои вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, полиси андоз, бахшҳои «Ориёнбонк» ва «Амонатбонк», афсарони масъули милиса, сардухтури беморхона, раиси ҷамоат ва мисли чунин ашхос мавриди боздошт қарор гирифтаанд.

Абдуғаффор Қаландаров - додситони Суғд ахиран бо ёдоварӣ аз боздошти сардухтури ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ришваситонӣ, чунин бархӯрди додситониро дар роҳи барҳам задани ин навъи ҷиноят муаассир хонд ва гуфт:

«Мо якҷоя бо кормандони мақомоти амниятӣ зимни амалиёти махсус сардухтури ҷамоати Қистакӯз ва як сардори шӯъбаи ин беморхонаро дастгир намудем. Яъне кор дар ин самт (мубориза бо ришваситонӣ) аз рӯи талаботи додситони кулл ва президенти Тоҷикистон ҷоннок шуда истодааст.»

Додситони Суғд - Абдуғаффор Қаландаров ҳамчунин гуфт, чанде қабл як корманди масъули «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд дар пайи ошкор шудани камбуди молиявии ин бонк ба маблағи беш аз 150 ҳазор сомонӣ даст ба худкушӣ задааст.

Ба ҳамин тариқ, тақрибан сеяки парвандаҳои ҷиноӣ аз ҷониби додситонии Суғд тайи ҳафтмоҳаи соли равон дар заминаи ҷиноёти молӣ ва ришвахории афроди мансабдори миёна ифтитоҳ шудааст. Аммо коршиносони маҳаллӣ чунин шеваи бархӯрди мақомоти додситонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Суғд дар пешгирӣ аз ривоҷи фасодкорӣ дар ҷомеа чандон муаассир намедонанд.

Абдувосит Салимзода - коршиноси Суғд: «Танҳо аз роҳи боздошт ва муҷозот наметавон аз густариши фасодкорӣ миёни мансабдорон ҷилавгирӣ кард. Ба назари ман, то замоне ки вазъи иқтисодии кишвар беҳбуд наёбад ва ба кормандон маоши кофӣ барои пешбурди зиндагӣ пардохта нашавад, ришваву фасодкорӣ дар ҷомеаи мо вуҷуд хоҳад дошт. Як мансабдор танҳо бо мақоми баланд, вале маоши кам наметавонад зиндагии худро пеш барад. Вай хоҳ – нохоҳ даст ба дарёфти ғайриқонунии маблағ мезанад. Ва ҳатто аз он роҳҳое кор мегирад, ки на ҳамеша мақомоти назораткунанда метавонанд ҷурмашро ошкор намуда, худашро ба маҳкама кашанд.»

Мусоҳиби ман афзуд, боздошт ва муҷозоти афрод ҳарчанд ҷиноёти иқтисодиро то дараҷае коҳиш хоҳад дод, аммо заминаҳои аслии рушди коррупсиа ва фасодро дар ҷомеа аз байн нахоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG