Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори паррандагони Бадахшон ба Тибет


Абдуназари Абдуназар, корманди боғи набототи Бадахшон ва олими паррандашинос мегӯяд, дар Помир паррандаҳое будаанд, ки дигар дар ягон мавзеъи Тоҷикистон ва дар бархе маврид дар сар то сари олам вонамехӯранд: «Дурроҷи обӣ, дурроҷи калони обӣ, дар минтақаи кӯлҳои Мурғоб ғози ҳиндӣ аст, ки дар Тоҷикистон вонамехӯрад, ба ғайр аз инҳо як намуди каргаси сафедсар аст, мурғи тибети ҳилол аст, бошаи муғулӣ аст ва боз як навъи паррандаи нодиртарин аст, бо номи кӯҳгардак, ки дар ягон ҷои дунё дигар нест. Умуман теъдоди паррандаҳои нодир дар Помир зиёд аст»

Ду навъи дурроҷ, каргаси сафедсар ва ғози ҳиндӣ бидуни ҳамин мавзеъ дар дигар нуқоти кишвар мушоҳида нашудаанд. Ва аммо Помир бо мурғобиҳои худ маъруф аст. Дар минтақаи Мурғоб, ки бахши аъзами кӯҳистони Бадахшонро таъсис медиҳад, ҳудудан 18 намуди мурғобӣ ба сар мебарад. Номи мавзеъ низ ба ҳамин парранда бастагӣ дорад. Яъне, Мурғоб, маконе, ки дар он мурғобиҳо будаанд. Дар мавзеъи Помири Тоҷикистон олами туюрро ба 4 навъ табақабандӣ кардаанд. Абдуназари Абдуназар мегӯяд:
«Инҳо оилаи паррандаҳои мавсимӣ - замистонгузарон, лонагузор ва муқимӣ мебошанд»

Ва аммо олами паррандаҳои соҳибчангол ва ё худ уқобон беамсол аст. Ба иттилоъи олимон бештари уқобони бузургҳаҷм дар ҳамин мавзеъ ба сар мебаранд. Уқобҳои помирӣ гавазну бӯзҳои кӯҳӣ, гӯсфанди марко Поло ва гӯсфанди Бухороӣ шикор мекардаанд. Яъне уқобони бадахшӣ ба оилаи соҳибчанголҳои хеле бузургҳаҷм шомиланд ва ҳаявони бузургро шикор мекунанд. Аз сӯи дигар ҳастанд уқобу бозу шоҳинҳои хурдҳаҷм, ки бо шикори оилаи хояндаҳо ба вежа мӯшу каламӯш ва сағуру харгӯшҳо банданд. Абдуназари Абдуназар мегӯяд, замони ахир теъдоди бӯзу гӯсфандони кӯҳӣ коҳиш ёфт ва дар ин зимн уқобони калонҳаҷм низ ба оҳистагӣ нест мегарданд. Гунае аз уқобони бадахшӣ, ҳамчун бургут, болобанд, бошаи хокистарранг, уқоби думдароз, уқоби сафеддум, каргаси сафедсари ҳимолоӣ, ки худ зиннати табиатанд, дар марзи маҳв қарор доранд. Ва аммо ба уқобони помир усулан одамон таҳдид доранд. Зеро бар асари шикори бӯзу оҳувони кӯҳӣ, тӯъмаи асосии уқобон, паррандагони соҳибчангол бар асари гуруснагӣ нест мешаванд. Аз сӯи дигар худи уқобон низ мавриди шикор ва қочоқ қарор доштаанд. Уқобони помириро замони ахир дом гузошта, ба хориҷа ба таври қочоқ ба фурӯш мезананд. Аз ҷониби дигар тухми уқобон, чӯҷаҳои онҳоро низ аз лонаҳо гирифта, ба хориҷ аз кишвар мекашанд. Олимон бар назаранд, ки агар вазъ оҷилан тағйир наёбад, хатари маҳви комили бархе аз навъи уқобони нодир бармалост.

Абдуназари Абдуназар меафзояд, ки ҳамакнун чанд номгӯй паррандаи нодиртарин дар олам, ки дар Помир ба сар мебурдаанд, дигар маҳв шудаанд ва эҳёи зоти онҳо, ба вижа лойхӯраки хокистарранг имконнопазир аст. Дар ҳамин маврид, кабӯтари нодири сафедишкам, ки то ҳанӯз тарзи зиндагонӣ ва ҳаёти биологии он омӯхта нашудааст аз Помир нест гардид ва дона дона дар қаторкӯҳҳои Тибет ба чашм мехӯрад. Олимон мегӯянд, бархе аз навъи паррандагони нодир, ки мавзеъи зиндагонии онҳо аз сӯи одамон танг мегардад, аз кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба қаторкӯҳои Тибети Чин фирор кардаанд. Теъдоди зумраи дигари паррандагони нодир ба таври фоҷеабор коҳиш ёфтааст. Ба унвони мисол ҳамакнун дар Помири Тоҷикистон ҳамагӣ 8 ҷуфт паррандаи доснулак боқӣ мондааст. Ин дар мавридест, ки ду даҳсола қабл дар мавзеъ селаҳои ин навъи парранда мушоҳида шудааст.

Тибқи иттилоъи табиатшиносони водӣ дар Мурғоб навъи нодиртарин уқоби обӣ - уқоби моҳигир коҳиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ Ғози ҳиндӣ, уқоби моҳихӯрак, Доснӯлак, ё бар асари ба заминҳои корам табдилсозии туғайзорҳои соҳили дарёа Панҷ ва ё бар асари селҳои кӯҳӣ, ки кӯлҳоро дар води Мурғоб шустаанд, маҳв мегарданд. Табиатшиносон бар назаранд, ки барои раҳоӣ аз варта заминҳои наздисоҳилро ба соҳиби аслӣ-олами туюр бояд баргардонид ва кӯлҳои Мурғобро бояд ба таври сунъӣ барқарор кард. Дар сурати акс, пааррандаҳои нодир, ки ҳамчун инсонҳо шиноснома ва мӯҳри ҷои қайди манхзил надоранд, Бадахшонро раҳо карда, ба Тибет фирор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG