Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши бемориҳои сироятӣ дар вилояти Суғд


Ба иттилоъи Маркази беҳдошт ва вогиршиносии Суғд, дар ҳафт моҳи соли равон дар вилоят амрози сироятии зардпарвин ва сурхча ва ахиран бемориҳои шадиди меъдаву рӯда густариши бештар доштаанд. Дар ин муддат беш аз 1900 шахси мубталои зардпарвин ва зиёда аз 1200 тан, умдатан кӯдакони гирифтори сурхча сабти ном шудаанд. Маркази беҳдошт мегӯяд, умуман дар давоми ҳафтмоҳаи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2004 18 навъи беморӣ аз шумори 36 намуди бемориҳои сироятӣ, ки маъмулан дар минтақаи Суғд вуҷуд доштаанд, кам ё беш хурӯҷ карда, вале 14 намуди амрози сироятӣ рӯ ба коҳиш доштаанд. Дар маълумотномаи ҳамин манбаъ, бемории домана дар қатори амрози коҳишёфта ҷой гирифтааст. Дар нимсолаи аввали соли 2005 дар шаҳру навоҳии Суғд танҳо 32 гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта камтар мебошад.

Мӯъмин Қурбонов - муовини сарвари маркази беҳдошт ва вогиршиносии вилояти Суғд сабаби хурӯҷи бемории сурхчаро воксинзанӣ нашудани кӯдакони Тоҷикистон бар зидди ин беморӣ медонад. Вай меафзояд : «Феълан аз ҷониби идораи тандурустӣ ва маркази давлатии беҳдошт ва вогиршиносии вилояти Суғд ба вазорати тандурустии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки ваксин дарёфт намуда, кӯдакони аз синни якмоҳа то яксола алайҳи бемории сурхча эм (ваксинзанӣ) карда шаванд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, навъҳои гуногуни бемории зардпарвин дар моҳҳои аввали соли равон хурӯҷ дошта, вале дар ҳоли ҳозир коҳиши онҳо ба мушоҳида мерасад. Пизишкони вогиршиноси Суғд хурӯҷи амрози сироятиро дар вилоят ба се сабаби аслӣ вобаста медонанд: истифода аз оби нопоки ошомиданӣ, риоя накардан ба қоидаҳои маъмулии беҳдошти шахсӣ ҳангоми истеъмоли ғизо, махсусан об ва меваю сабзавот ва сеюм, баланд шудани ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво, то ба 50 дараҷаи сутунчаи симобии Селсий дар фасли тобистони имсола:
«Гармии сахти ҳаво ба инкишофи тез ва босуръати микроорганизмҳое, ки ба об ва ғизо ворид мешаванд, мусоидат мекунад. Ба ҳамин сабаб, теъдоди бемориҳои шадиди меъдаву рӯда низ дар ҳудуди вилоят нисбат ба соли гузашта махсусан дар давоми моҳҳои ахир зиёд шуда истодааст.»

Коршиносони Суғд дар умури беҳдошт мегӯянд, аз сӯи дигар - таъмин набудани аҳолии минтақа бо оби поки нӯшокӣ, вазъи бади санитарии бозору фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ низ ба густариши бемориҳои сирояткунанда дар минтақа сабаб шудааст. Ба гуфтаи онҳо, агар то фарорасии фасли боришот пасмондаҳои ғизоиву маишӣ безарар гардонида нашаванд, хатари ба манобеъи обӣ омехта шудани онҳо ва густариши бештари амрози сироятӣ ба минтақа таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG