Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ


Фирӯз Баротов ва Зарангези Наврӯзшоҳ Гардонандаҳои мизи гирд

Мизи гирди навбатии барномаи «Ояндасоз» дар мавзӯъи таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ бо ширкати Муҳамадҷон Маликов, масъули муносибатҳои байналмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон, Мисқола Абдуллоева, намояндаи маркази байналмилалии маълумоти Амрико ва муҳассилони кишварҳои мухталиф Ботур, Далер, Дилбар ва Таҳмина доир шуд. Дар ин нишаст, масъалаи эҳтимоли роҳ ёфтани ҳодисаҳои ришват зимни тақсими бурсҳои таҳсил дар хориҷа ва роҷеъ ба шароити таҳсил дар хориҷа тавассути барномаҳои давлатию хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилоъи вазорати маорифи Тоҷикистон, беш аз 800 донишҷӯи тоҷик дар кишварҳои гуногуни олам таҳсил мекардаанд ва ғолибан, онҳо дар риштаҳои иқтисод мехондаанд. Ҳамчунин, мушкили баъди бо дипломҳои хориҷӣ ба ватан баргаштану бекор мондан ҳам аз мадди назари меҳмонон дур нарафт ва ин масъала низ мавриди баҳс қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG