Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Ҷумъабой Толибов


2 сол ҳукми зиндони Ҷумъабой Толибов як мавзӯъи аввали вирди забони ин ҳафта дар маҳофили Тоҷикистон ва хориҷ аз он буд. Созмонҳои маҳалливу байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳукми додгоҳи вилояти Суғд дар қиболи ин парвандаро маҳкум мекунанд. Ҷумъабой Толибов низ қарори додгоҳро ноодилона хонда гуфтааст, аз ҳукми додгоҳи вилоят ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд. Мақомоти тафтишотӣ ва ҳатто як дафъа раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтаанд, ки Толибов хабарнигор нест, балки як мансабдор аст, ки аз роҳи қонун берун пой мондааст. Аммо худи Ҷумъабой Толибов таҳти таъқиб қарор гирифтанашро талоши интиқомҷӯии мақомоти интизомии ноҳияи Айнӣ барои иатолиби интиқодие номидааст, ки ӯ дар бораи фаъолияти ин мақомот дар матбуот нашр карда буд.
XS
SM
MD
LG