Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамадонӣ дар зери об


ноҳияи Ҳамадонӣ

Саид Қодиров, сокини 70 солаи деҳаи Такноби ноҳияи Ҳамадонӣ, ки манзили зисти ӯ ва хонаводааш ба дунболи боло шудани оби рӯдхонаи Панҷ комилан хароб гаштааст, мегӯяд, аз наберагон ва фарзандони кӯчакаш чанд рӯз ба ин сӯ хабар надорад. Бобои Саид, ки акнун бо ҳамсари солхӯрдаи худ дар манзили нимавайрона ҷиҳози аз офат амон ёфтаи худро нигаҳбонӣ дорад, мегӯяд, ҳудуди як моҳ аст, шабҳо аз ҳароси болошавии дубораи оби рӯдхона ҳатто хоб надорад. Дар аввалҳои обхезӣ ва шурӯъи тахриби манзилу киштзор фарзандони кӯчак ва хонумҳои хонаводаро ба минтақаи бехавф кӯчониданд, аммо то имрӯз мушаххас накардааст, куҷоанд ва чи ҳоле доранд, кӯмаке ба онҳо расидааст ё на:
"Дар ҳозир мо ба хайма ва ғизо эҳтиёҷ дорем, то хонаводаро биёрам ва дар онҷо як ҷо мувақаттан зиндагӣ кунем, зеро аз ғизо дар манзили мо чизе намондааст. Аммо феълан ягон хел кӯмак нагирифтаем."

Ин дар ҳолест, ки ҳарчанд сатҳи оби рӯдхонаи Панҷ дар чанд рӯзи ахир поин рафта ва ҳаҷми об аз шаш ҳазор метри мукааб дар сония ба ду ҳазор метри мукааб дар сония баробар шудааст, вале тахрибкориҳо идома дорад. Асадулло Ғуломов, муовини нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи гузашта, зимни як дидор аз манотиқи офатзадаи ноҳияи Ҳамадонӣ, мушкили аслии сар задани офатро дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилаии кӯмакрасон ва сафоратхонаҳои хориҷии мустақар дар Душанбе ба ин тартиб шарҳ дод:
"Вақте ки дарёи Бартанг, як шохоби рӯдхонаи Панҷ сероб шуд, ҳаҷми об дар поёноби ин рӯдхонаро афзоиш дод. Феълан, мо ҳар лаҳза дар мавриди ҷараёни оби дарёи Бартанг маълумот мегирем, дар давоми се рӯзи ахир ҳанӯзам сатҳи оби ин рӯдхона поин нарафтааст, ки ба суръати баланди обшавии барфу ях иртибот дорад. Ҳарорат дар ин минтақаи Бадахшон баробар ба 23 дараҷа шудааст ва ин ҳарорат барои минтақаи пиряхии шарқи кишвар хатарзо аст."

Ба гуфтаи Асадулло Ғуломов, натиҷа ин будааст, ки самти ҳаракати оби рӯдхонаи Панҷ ҳудуди 800 метр вориди Тоҷикистон дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон шуда ва хатти ҳифозатии марзро дар бархе аз манотиқ комилан хароб кардааст. Ҳудуди 30 километр мавқеи сарбанди рӯдхона дар ин ноҳия боз мондааст, ҳудуди 700 манзили сокинон, чаҳор ҳазор гектар киштзор, чаҳор пӯл аз болои рӯхонаи Сияҳоб чанд теъдод мактабу таълимгоҳ, истгоҳҳои тавзеҳи об ба ноҳия ва манотиқи атрофи он хароб шуда ҳудуди ноҳияро ба ду тақсим кардааст, ки ҳаракати нақлиёт аз ҷануб ба шарқи ноҳия ба воситаи ҷодаҳо ба пуррагӣ қатъ гаштааст. Асадулло Ғуломов гуфт, барои бартараф кардани оқибатҳои офат дар навбати аввал панҷоҳ миллион доллар лозим аст. Дар ҳамин ҳол, Мирзо Зиёев, вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, феълан, ҷиҳати кӯчонидан дар минтақаи бехавф аз офат ду хаймашаҳрак таъсис шуда ва ҳудуди 1,5 ҳазор нафар офатзада дар ин минтақа ҷогир шуд. Ба гуфтаи ӯ, аммо дар ин лаҳза ҳудуди 8 ҳазор нафар сокини офатзади ноҳияи Ҳамадонӣ ба манзили зист, либос ва ғизо ниёз дорад:

"Дар ин чанд соат, ки мо бо шумо аз мавзеъи тахрибдида дидан мекардем, сокинони ду деҳаи дигар бо супориши ҳукумати кишвар ба минтақаи бехавф кӯчонида шуданд. Воқеан, мардуми офатзада ба хайма ва ғизо сахт ниёз доранд. Ин дар ҳолест, ки пас аз баланд шудани садоҳо аз ноҳияи Ҳамадонӣ танҳо созмони КОДАН ду мошини пурбор аз ғизо ба ин минтақа фиристодаасту халос. Боқӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон 63 тонна маводи ғизо ва хаймаҳо кӯмак расидааст."

Дар ҳоле ки, мардуми кӯчбаста ба маводи зарурии рӯзгор ниёз доранд, бархе аз мардони ин деҳот дар манзилҳои худ боқӣ монда ва ҳифозати ашёи аз офат раҳодидаро ба ӯҳда гирифтаанд ва низ бештар ба ғизо ва назорати беҳдоштӣ эҳтиёҷманданд. Зеро ба гуфтаи чанд нафари онҳо, ҳудуди 20 рӯз боз аз нерӯи барқ маҳруманд ва оби нӯшокиашон аз он рӯдхонаи гилолуд ва махлут бо ифлосиҳо будааст. Вале ин дар ҳолест, ки Асадулло Ғуломов ба сокинони хоҷагиҳои Турдиев ва Кирови ноҳияи Ҳамадонӣ, ки манозили зисти онҳо комилан ба коми дарё рафтааст, иттилоъ дод, дар мавриди зиндагии муқимӣ эҳтимоли ба ноҳияи Данғара кӯч додани онҳо пеш омадааст. Вале, феълан, мушаххас нагуфт, ба кадом мавзеъи ин ноҳия кӯч хоҳанд баст.

Ва дар ҳамин ҳол, ҷиҳати кӯмак ба зарардидагон танҳо Барномаи ғизои СММ омодагии худро изҳор дошт. Сайдамон Бодамев, муовини раиси бахши барномаи ғизои СММ дар Хатлон дар ин маврид гуфт:
"Ман теъдоди кӯмакҳои ғизоиро гуфта наметавонам. Вале тибқи меъёрҳои мо ба ҳар нафар зарардида 12 кило орд дар як моҳ, 30 грамм равған ҳар рӯз ва миқдори муайяни намак кӯмак мерасонем."

Аммо пас аз боздиди вазъи харобаҳои обхезии рӯдхонаи Панҷ созмонҳои кӯмакрасони байналмилалӣ назари худро ҷиҳати расонидани кӯмак мушаххас накарданд.
XS
SM
MD
LG