Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро Амрико намехоҳад аз Осиёи Марказӣ равад?


Иёлоти Муттаҳида даъвати Созмони ҳамкориҳои Шанхайро ба муайян кардани мӯҳлати хурӯҷи нирӯҳояш аз пойгоҳҳои Осиёи Марказӣ рад кард. Мақомоти Вашингтон гуфтанд, ҳузури онҳо дар ин пойгоҳҳо барои пешбурди амалиёти зидди террор дар Афғонистон муҳим мебошад. Амрико дар Ӯзбакистон 800 ва дар Қирғизистон 1200 сарбозу афсар дорад ва ҳавопаймоҳои он аз фурудгоҳҳои Хонобод дар Ӯзбакистон ва Манас дар Қирғизистон истифода мекунанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои берунаи Иёлоти Муттаҳида Шон Маккормак дар Вашингтон гуфт: "Мо дар ин минтақа тибқи созишномаҳои дутарафае ҳузур дорем, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расондааст ва ҳарду тараф аз ин созишҳо баҳравар мегарданд". Ва сухангӯи вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида Лоуренсе Ди Рита гуфт, пойгоҳҳо дар Ӯзбакистон ва Қирғизистон, ки баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ва шурӯъи амалиёти зидди террор дар Афғонистон таъсис ёфтаанд, аз лиҳози ҳарбӣ бисёр муҳиманд. Ди Рито мегӯяд, ин пойгоҳҳо кӯмаки ҷиддие мебошанд ба амалиёти ҳарбӣ, вале ҳамзамон бахшҳои гуногун ва фаровоне мавҷуд буда, бо ҳам пайванд доранд. Намешавад гуфт, ки яке аз онҳо ба андозае муҳим аст, ки бе он амалиёт пеш нахоҳад рафт. Чунин вазъият барои таҳлилгарон саволеро халқ кардааст, ки оё масъалаи пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа ҳарбист ва ё сиёсӣ? Оё метавонад рӯзи Иёлоти Муттаҳида бе ин пойгоҳҳо ҳам гузарад, махсусан бе Хонободи Ӯзбакистон. Ҷеймс Филипс, коршиноси масъалаҳои амниятӣ ва сиёсати берунаи Амрико дар Бунёди Мерос, дар Вашингтон, мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоте, ки рӯйдодҳои Андиҷон барои Амрико ба вуҷуд оварданд, ҳукумати Буш аз пойгоҳ дар Хонободи Ӯзбакистон даст накашид: "Идомаи ҳузури Амрико дар ин ҷо метавонист, як тазоди манфиатҳоро ба миён орад, аммо Вашингтон моҷарои Андиҷонро маҳкум кард ва Ӯзбакистон дар ҷавоб қоидаҳои истифодаи пойгоҳҳоро шиддат бахшид. Ба назари ман, ҳукумати Буш, дар тафовут аз Чину Русия ошкоро гуфт, ки саркӯби хунинро пуштибонӣ намекунад.
Дар ҳоле ки Чину Русия аз ҳукумати Ӯзбакистон дар ин масъала пуштибонӣ карданд".

Аз нигоҳи соф ҳарбӣ, Филипс мегӯяд, пойгоҳҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон замонавӣ буда, беҳтар муҷаҳҳазанд.
Пойгоҳҳо дар Афғонистон бар асари ҷанги бистсола дар ин кишвар тахриб гаштаанд ва ба нирӯҳои садаи 21 муносиб намебошанд. Аммо Радек Сикорски, собиқ ноиби вазири дифоъи Лаҳистон, ки ҳоло дар умури байнулмилал дар Вашингтон таҳсил мекунад, ба ин ақидаи Филипс мухолифат дорад.
Вай ба радиои Озодӣ гуфт, ин пойгоҳҳо ҳоло дигар муҳим нестанд, балки бастани яке аз онҳо, дар Хонободи Ӯзбакисттон муҳимтар мебошад. Сикорски мегӯяд, ба ақидаи вай, набояд ба хотири як пойгоҳи ҳарбӣ, Ғарб, аз як режими ба таври ошкоро худкома пуштибонӣ кунад. Вай машварат медиҳад, ки Амрико аз Ӯзбакистон хориҷ шуда, танҳо бо Афғонистон иктифо кунад ва он гоҳ президент Каримов ба андозаи зарурӣ мавриди танқид қарор гирад.

Сикорски мегӯяд вай мутмаъин аст, ки ба ҷои баҳс, ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай, онгуна ки он мехоҳад, як ҷадвали замонии хурӯҷро пешниҳод кард. Вай меафзояд, талаби хурӯҷ аз тарафи Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба миён наомада, балки ташаббуси Русия ва Чин аст, ки мехоҳанд, Амрикоро аз минтақа берун кунанд, то нуфузи худро дар он густариш диҳанд.
XS
SM
MD
LG