Пайвандҳои дастрасӣ

Пойтахти Тоҷикистон об меҷӯяд


Рӯзи дуввум аст, ки сокинони аксари кӯчаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, аз ҷумла кӯчаҳои навоҳии Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва як қисмати ноҳияи Сино аз оби ошомиданӣ маҳрум мебошанд. Дар кӯчаҳо гурӯҳ - гурӯҳ занону кӯдакони зиёд вомехӯранд, ки аз масофаҳои дур бо сатил об мекашонанд. Гуфтанист, тибқи тартиботи мавҷуда дар сурати қатъи оби ошомиданӣ дар шаҳр, бояд ҳукуматҳои навоҳии пойтахт тариқи мошинҳои обкаш мардумро бо об таъмин намоянд, аммо ба гуфтаи сокинони пойтахт, аҳолии на ҳама кӯчаҳои Душанбе аз чунин хидматрасонӣ бархурдор мебошанд.

Саида Шарифова, як сокини 63 солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, набераҳояш хурдсоланд ва аз роҳи дур об оварда наметавонанд ва ӯ маҷбур аст аз 2-3 километр ба хонааш об кашонад. Вай мегӯяд, аз он ҷиҳат нигарон аст, ки мабодо аз нарасидани оби соф набераҳояш бемор нашаванд.
«Охир намешавад, ки бо мошин об оварда ба мардум тақсим кунанд, ман пиразани 63 сола маҷбурам бо сатилҳо об кашонам. Ба замми ин, имрӯз барқ ҳам нест, ва бисёр аҳволамон вазнин аст.»

Аслан, дар мавриди набудани оби ошомиданӣ, хонаводаҳо бештар дар кашонидани об аз нерӯи хурдсолон истифода мекунанд. Хурдсолонро лозим меояд, ду сатилро ҳар яке даҳ литрӣ бардошта чанд километр роҳро тай кунанд, ё онҳоро лозим меояд, ки бо сатилҳои пуроб рӯзе чандин маротиба роҳи мошингузарро убур кунанд, ки дар худ хатар дорад.
«-Имрӯз, ман чаҳор бор бо ду сатил аз роҳи дур об овардам, аммо боз рафтанам лозим, чунки то бегоҳ намерасад. Ташна мемонем.
-Ман аз ҳукумат хоҳиш дорам, ки ҳамин обро тоза кунанд, чунки чандин бор обро қатъ мекунанд, ки тоза мекунем, аммо об боз лойолуду қумолуд меояд.»


Замоне, ки мо ба идораи давлатии «Обу Корез» -и Душанбе омадем, пайваста сокинони пойтахт ба ин идора занг мезаданд ва аз намояндагони ин идора мепурсиданд, ки кай аҳолии пойтахт бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд. Аммо аз сӯҳбат бо радиои Озодӣ масъулини идораи мазкур канора меҷустанд, вале дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ба хотири корҳои таъмиру тармим ва беҳдорӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунӣ аз шаби чоруми июл оби ошомиданӣ барои аҳолии пойтахт қатъ шудааст. Интиқоли оби ошомиданӣ соати 10-30 дақиқаи шаби панҷуми июл дубора ба роҳ монда мешудааст.
XS
SM
MD
LG