Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё пас аз Гаҳворабахшон зану шавҳар аз ҳам ҷудо мешаванд?


Силсилагуфтори Сайёфи Мизроб Гаҳворабахшон вижагии дигаре ҳам дорад, ки атфол пас аз баргузории он дигар имкони интихоби ҳамсарро тақрибан надоранд. Маҳз ҳамин ҷиҳати Гаҳворабахшон дар байни мардум норизоӣ ба бор овардааст.

Ва аммо Хайрулло Тоҳиров, бостоншинос мегӯяд, «Маҳз ҳамин вижагии ахир як таъоруфи азалии ориёист. Зеро дар мавриде, ки дар дигар адён бисёрникоҳӣ роиҷ аст ва мардон то чор зан мегиранд ва имкони издивоҷ барои зану мард маҳдуд нест, яъне онҳо метавонанд, аз касе ҷудо шуда, бо дигаре ақд бубанданд, пас дар никоҳи Гаҳворабахшон номзад яктост ва он барои якумрист!»
Зафар Мирзоев, бостоншиноси дигар бар назар аст, ки «Маҳз ҳамин таъоруфи яккаиздивоҷии ориёни аҳди қадим, ки аз фарҳанги оила арҷ мегузошт бештар аз ҷониби афроди ҷонибдори бисёрникоҳӣ дучори фишор шудааст».

Коршиносон мегӯянд, то ҳанӯз кам нафареро метавон дучор шуд, ки тибқи оини аждодии Гаҳворабахшон издивоҷ кардааст ва ҳамакнун ду ё се зан дошта бошад. Хайрулло Тоҳиров мегӯяд, «Ин якканикоҳӣ аз ҳамон оини ориёӣ ва асотирҳои даврони бисёрхудоӣ маншаъ мегирад, ки ҳар гаҳворабахш аз хӯрдӣ медонад, ки танҳо бо ҷуфти баргузидаи табораш хушбахт аст ва бурридан аз ӯву издивоҷи дигар ба сари ӯву хонаводааш бадабахтиҳо меорад. Ростӣ, ман то ҳоло дучор нашудаам нафаронеро ки пас аз Гаҳворабахшон издивоҷ кардаву сипас аз ҳам ҷудо шудаанд.»

Ба бовари мардум низ Гаҳворабахшон то бо ҳам бошанд, балоҳои осмонӣ аз сари онҳо дуранд. Таҳмина Саидова, як сокини 22 солаи ноҳияи Данғара мегӯяд, ба ин асотир бовар дорад. Таҳмина худ аз ҷуфти Гаҳворабахшаш рӯ тобидааст ва ба гуфтаи худи ӯ, «Ин носипосӣ қаҳри осмонҳоро ба бор овард, ки деву даду балоҳо манро ҳамакнун шикастабахт кардаанд»

Ва аммо Аҳмади Иброҳим, исломшинос бар назар аст, ки дар Гаҳворабахшон як таъсири равонӣ мушоҳида мешавад, ки одамонро тӯли 18 сол гӯшзад мекунанд, ки буридан аз ҷуфташон онҳоро бадбахт мекунад: «Ва табиист, ки ин нафарон агар дигар оила барпо кунанд, таҳкурсии ин хонавода рӯи тарсу ҳарос аз балоҳои осмонӣ бунёд ёфтааст ва ҳатман он вайрон мешавад»

Ва аммо Гаҳворбахшон воқеан кам воқеъ шудааст, ик аз пас аз издивоҷ аз ҳам ҷудо шаванд. Шоҳидон қисса мекунанд, ки тифлони аз хурдӣ ба ҳам хӯгирифта, ки баъдан издивоҷ мекунанд, дар бархе маврид, ҳатто симпатияву ишқро нисори оила мекунанд. Ва ин далел шукӯҳу шаҳомати Гаҳворабахшро, ки пеши он ҳатто Ишқ чизе нест, болотар мебарад. Мардумшиносон мегӯянд, Гаҳворабахшон барои тоҷикони кӯҳистон то ҳанӯз муқаддасоти қудсист ва дар аксари маврид бе ягон фишору зӯр, ҷавонон аз муҳаббати худ, агар он ба каси дигар будӣ, рӯ тофта, ҳамин оинро арҷ мегузоранд. Ва аммо худи ҷавонон қисса мекунанд, ки пас аз ҳамингуна издивоҷ дарк кардаанд, ки воқеан ҳамин нафареро дӯст медоштаанд, ки Гаҳворабахш будаанд ва хушбахт ҳам шудаанд.

Ҳарчанд мардуми пашаймон ҳам кам нестанд, ки ба истилоҳи худашон аз бахти аввалину охирини худ рӯ тофтаанд. Ва аммо қиссаи Бобои Сайидалӣ Баротови 70 сола, сокини деҳаи Кангурт боз ҳам риққатвоар аст. Ӯ мегӯяд, пас аз лағв кардани Гаҳворабахш ҳамакнун беш аз 60 сол аст, ки ғами ҳиҷрон, азоби алимӣ ҷудоӣ ва эҳсоси Ишқи ноком ӯро тарк накардаанд.

Сайидалӣ Баротови 70 соларо ба гуфтаи худаш «ишқи Ҳарамгул, гаҳворабахши 60 сол пеш матрук дар сини 70 шоир кард!»

Дар ҳамин маврид, бархе аз духтарони қадрас, ки ба балоғат расидаанд, пушаймон ҳам ҳастанд, ки онҳоро чаро волидайн дар айёми туфулият Гаҳворабахш накардаанд. Як мусоҳиби ман мегӯяд, агар ӯ Гаҳворабахш нашуд, пас розӣ мебуд, агар ӯро ақаллан «назр» мекарданд. Ва аммо назр, ҳадя, тӯҳфаи атфол аз Гаҳворабахшон тафриқаи ҷиддие аз замин то осмон дорад, ки мо дар сӯҳбати баъдӣ сари он ҳарф мезанем.


Гаҳворабахшон - «Кундапартоӣ» ва ё хостгорӣ?
XS
SM
MD
LG