Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ойинаи шикастаи Шодмон Юсуф»


Ҳафтаномаи русизабони «Курйер Таджикистана» дар саҳфаи аввали шумораи тозаи худ мусоҳибаи ихтисосиеро бо сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд ба нашр расонидааст. Дар ин мусоҳиба Ричард Ҳоугленд гуфтааст, кишвараш ҳеҷ гуна тарҳ ва қасди анҷоми инқилоби рангин дар Тоҷикистонро надорад. Сафири Амрико гуфтааст, ин андеша маҳсули тафаккури он идда аз ҳукуматдоронест, ки бинобар адами пойбандӣ ба усулҳои мардумсолорӣ ба идомаи ҳукмронии сиёсии хеш дар оянда мутмаин нестанд. Ричард Ҳоугленд зимни шарҳи авомили вуқӯъи иниқилобҳои рангин таъкид намудааст, ки ҳеҷ гуна машварат ва мусоидатҳои молии Амрико наметавонанд заминаи бурузи чунин инқилобҳоро фароҳам оранд. Танҳо шароит ва омили дохилӣ метавонад боиси сурат гирифтани таҳаввулоти инқилобӣ дар ин ё он кишвар гардад. Сафири Амрико дар Тоҷикистон афзудааст, ҳукуматҳое, ки беҳбуди зиндагии мардумро дар раъси аҳдофи худ қарор медиҳанд, ба яқин бо инқилобҳои рангин рӯ ба рӯ намеоянд.

«Бизнес и Политика», нашрияи дигари русизабони чопи Душанбе дар пасманзари мавзӯъи инқилобҳои рангин аз афзоиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда афзудааст, ки идомаи ин раванд метавонад заминасози вуқӯъи инқилоби рангин дар Тоҷикистон гардад. Бино ба навиштаи «Бизнес и Политика» омор баёнгари он аст, ки дар инқилобҳои рангини ахиран рух дода аз ҳама бештар афроди бекору мушкили иҷтимоӣ дошта ширкат намудаанд. Ин нашрия таъкид менамояд, то замоне ки Тоҷикистон бо мушкилоти фаровони иҷтимоӣ даргир аст, хатари вуқӯъи инқилоби рангин дар ин кишвар аз байн намеравад.

Ба навиштаи «Вечерний Душанбе», қарор аст, фирқаи тирандози савораи 201 - и Русия дар Тоҷикистон тирамоҳи соли 2005 расман мақоми пойгоҳи низомиро касб намояд. Нашрия афзудааст, дар ҳоли ҳозир вазоиф ва теъдоди низомиёни ин пойгоҳ мушаххас шудааст ва ҳамакнун умури бозсозии он идома дорад. Нашрия аз қавли вазири дифоъи Русия таъкид менамояд, ки ин кишвар қасд дорад, ҷиҳати бозсозӣ ва таъмини ин пойгоҳ бо таҷҳизоти мудерн маблағи зиёд ҷудо намояд.

«Тоҷикистон» аз қавли Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон навиштааст, дар Тоҷикистон бунёди давлат ва ҷумҳурии исломӣ дар ояндаи наздик имкон надорад. Ба эътиқоди мусоҳиби ҳафтаномаи «Тоҷикистон» сохтани ҷумҳурии исломии классик амсоли Эрон, Покистон ва ё дигар кишвари исломӣ дар Тоҷикистон имконнопазир аст. Муовини раиси ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон афзудааст, ҳадафи ниҳоии ин ҳизб бунёди як кишвари демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон аст, зеро арзишҳои динӣ танҳо дар ҷомеаи демократӣ метавонанд таҳаққуқ пайдо намоянд.

«Зиндагӣ» дар як матлаб бо номи «Ойинаи шикастаи Шодмон Юсуф», раҳбари пешини демократҳои Тоҷикистон Шодмон Юсуфро дар бадбинӣ ва бадгуӣ нисбат ба Тоҷикистон ва шахсиятҳои алоҳидаи сиёсии он гунаҳгор донистааст. Матлаби «Зиндагӣ» бар асоси номаҳои интернетии Шодмон Юсуф шадидан аз ӯ интиқод намуда афзудааст, ки Шодмон Юсуф ба бемории бузургманишӣ гирифтор шудааст.
XS
SM
MD
LG