Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоиши "Ситораи ҳафтдодарон"-и Давлатманди Хол ва то ба фалак рафтани садои "Фалак"


Фирӯзи Барот ва Сафаргули Олимӣ

Бори аввал дар тӯли чанд соли ахир саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ чунин гулрез шуд. Фалак, ин мусиқии малакутӣ садҳо алоқамандони ҳунари волои мардумиро дар намоиши "Ситораи ҳафтдодарон" гирди ҳам овард. Барои ин намоиш ҳунарманди маъруф Давлатманди Хол ҳудуди 60 тан фалаксароёни Хатлону Бадахшон ва Рашту Зарафшонро ба Душанбе хонд, ки миёни онҳо тифли сесола ҳам буду пири ҳафтодсола ҳам. Ва намоиш собит кард, ки ҳарчанд дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон шеваи иҷрои "Фалак" аз ҳам андаке тафовут дорад, дар маҷмӯъ "Фалак" чун солиёни пеш ҳамчун дард боқӣ мемонад - дарди замона, дарди ҳиҷрон, дарди ишқ.

Ва бештари алоқамандони "Фалак", ки дар толор ҷамъ омада буданд, дар сӯҳбат бо ҳамкори мо Сафаргули Олимӣ аз эҳёи ин мусиқии малакутӣ ва афзудани таваҷҷуҳ ба Фалак изҳори хушнудӣ мекарданд ва мегуфтанд, ҳунарманди мардумӣ Давлатманди Хол на фақат "Фалак"-ро муаррифӣ кард, балки бархе аз ойину маросимҳои бостонии тоҷиконро низ рӯи саҳна овард.

Як вижагии намоиши ҳунарии "Ситораи ҳафтдодарон" ширкати теъдоди зиёди фалаксароёни ҷавон буд. Давлатманди Хол дар як мусоҳиба бо мо гуфта буд, дар ҷустуҷӯи ҷавонони фалаксаро ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар кард ва бо ҳайрат дарёфт, ки теъдоди ин гуна ҷавонон хело зиёд аст ва дар ҳар деҳаи кӯҳистон даҳҳо нафареро метавон пайдо кард, ки бо лаҳни ширин "Фалак" мехонанд. Ва Давлатманд иқрор кард, ки маҳз ҳамин таваҷҷуҳ ӯро барои таъсиси мактаби фалаксароён таҳрик додааст.

Яке аз ин фалаксароёни ҷавон ва маъруф Нигинаи Барот аст, ки дар ҳошияи намоиши "Ситораи ҳафтдодарон" бо ҳамкори дигари мо дар Душанбе Фирӯзи Барот сӯҳбат кардааст. Нигинаи Барот мегӯяд, мардуми тоҷик бо хондани "Фалак" гӯиё розҳои нуҳуфта дар дилашро бозгӯ мекунад. Нигина мегӯяд, чанд сол аст, ки фалаксароиро пеша кардааст. Ба ақидаи вай, барои "Фалак" хондан ҳар қадар рубоиёти хубтари мардумӣ интихоб шаванд, ба ҳусни ҳунари овозхон хоҳад афзуд.

Ва аммо он чӣ паси парда мемонанд мушкилотест, ки намоишҳоеро чун "Ситораи ҳафтдодарон" ҳамеша думболагиранд. Давлатманди Хол гуфт, ки намоиш бояд ҳанӯз баҳор омода мешуд ва аммо мушкили молӣ ва набуди толор баргузории онро то ба ду моҳ ба таъхир андохт. Давлатманди Хол, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон мутмаин аст, ки намоиши ҳунари фалаксароён бояд ба як анъанаи фарҳангӣ табдил ёбад, зеро "Фалак" чун "Шашмақом" меросест, ки миллат бояд онро ҳамчун гавҳари чашм ҳифз кунад.

Вобаста

XS
SM
MD
LG