Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партовҳои маводи сӯхти мушакии Тоҷикистонро безарар мегардонанд


Бо имзои як созишнома, ахиран Русияву Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд, ки дар безараргардонии партовҳои маводи сӯхти мушакии шимоли Тоҷикистон муштаракан саҳм бигиранд. Гуфта мешавад, партовҳои маводи мазкур беш аз даҳ сол аст, ки дар яке аз партовгоҳҳои шаҳраки Табошари вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд. Давраи побарҷо будани собиқ Шуравӣ дар яке аз корхонаҳои ҳудуди ин шаҳрак барои муҳаррики мушакҳои ҳаставии Шӯравӣ маводи сӯхт тавлид мешуд. Дар пайи азҳампошии Шӯравӣ ин раванд мутаваққиф гардид, аммо захоири зиёди партовҳои маводи сӯхти мушакӣ дар собиқ корхонаи саноеъи низомии шаҳраки Табошар боқӣ монд.

Дар маросими имзои созишномаи безараргардонии маводи сӯхти мушакӣ дар Душанбе мақомоти Русияву Тоҷикистон аз шарҳи ҷузъиёти ин мавзӯъ худдорӣ намуданд, аммо қарордоди ёдшударо барои ҳар ду тараф пураҳамият хонданд. Аз ҷумла, Сергей Шойгу, вазири ҳолатҳои фавқуллодда ва раҳбари ҳайати Русия дар ин замина гуфт: «Масъалаи безараргардонии захоири боқимондаи маводи сӯхти мушакӣ дар Тоҷикистон аз муддатҳо боз дар маркази таваҷҷӯҳи ду тараф қарор дошт ва акнун бо ба имзо расидани қарордод дар ин замина метавон гуфт, ки масъала роҳи ҳал пайдо менамояд. Аз имзои ин қарордод ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон аз лиҳози амнияти муҳитӣ бурд мекунанд».

Зайд Саидов, вазири саноати Тоҷикистон роҷеъ ба созишномаи амнсозии партовҳои маводи сӯхти мушакӣ гуфт, бар асоси тавофуқи ҳосила раванди амнсозии партовҳои маводи сӯхти мушакӣ дар ду марҳила ҷараён мегирад. Марҳалаи аввал, ки ба омӯзиши вазъи пасмондаҳои маводи сӯхти мушакӣ марбут аст, бо маблағгузории ҷониби Русия сурат мегирад. Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ҳанӯз ҳазинаи иҷрои раванди безараргардонӣ ба таври дақиқ баровард нашудааст, вале дар марҳалаи дуввуми кор ҳар ду тараф панҷоҳдарсадӣ маблағгузорӣ менамоянд. Ба гуфтаи Зайд Саидов, раванди безараргардонии партовҳои маводи сӯхти мушакӣ бевосита таҳти назари вазорати саноати Тоҷикистон ва коршиносони русӣ сурат мегирад ва интизор меравад, он то охири соли 2006 мелодӣ пурра анҷом гирад.

Бар асоси иттилоъи вазорати саноати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар 13 партовгоҳи маводи радиоактивӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо ҷамъан ҳудуди 50 миллион тонна пасмондаи маводи мухталифи уран ва радиоактивӣ маҳфуз аст. Коршиносон вазъи нигаҳдории аксари ин партовгоҳҳоро нигаронкунанда арзёбӣ менамоянд ва ба хатари таъсири зиёнбори онҳо ба ҳаёти мардум ва муҳити зист таъкид менамояд.

Вазири саноати Тоҷикистон имзои созишнома миёни Русияву Тоҷикистонро иқдоми нахуст дар роҳи безараргардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар ин кишвар арзёбӣ менамояд ва меафзояд, ин вазоратхона қасд дорад, дар оянда низ ин корро идома диҳад. Вазири саноати Тоҷикистон афзуд, ин кишвар барои пурра безараргардонии партовгоҳҳои мавҷуди радиоактивии худ наздик ба 30 миллион доллари амрикоӣ ниёз дорад.

Аммо ба эътиқоди Алиҷон Латифӣ, раҳбари созмони минтақавии «Маркази ҳифзи муҳити зист», Тоҷикистон бидуни кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ наметавонад, партовгоҳҳои мавҷуди радиоактивии худро амн созад. Гузашта аз ин, мегӯяд ҷаноби Латифӣ, мушкили партовгоҳҳои Тоҷикистон танҳо мушкили ин кишвар нест ва дар ин кор бояд дигар кишварҳои минтақа низ саҳм бигиранд.

Як сол қабл бо ихтисоси беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ вазорати энержии Амрико мусоидат намуда буд, ки партовгоҳи радиоактивии ноҳияи Файзобод, 50 - километрии шарқи Душанбе комилан таҷдиду бозсозӣ шавад. Дар пайи ин бозсозӣ, гуфта мешавад, вазъи амниятии ин партовгоҳ таъмин ва заминаи таъсири номатлуби он ба муҳити зист ва ҳаёти шаҳрвандон аз байн бурда шудааст.
XS
SM
MD
LG