Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаҳворабахшон - «Кундапартоӣ» ва ё хостгорӣ?


Силсилагуфтори Сайёфи Мизроб Маросими Гаҳворбахшон, ки зикри фазилатҳои он дар гузоришҳои мо ҳамакнун идома дорад, вижагиҳои махсус дорад, ки ҳатто дар ҳар ноҳияи водии Кӯлоб ба гунаҳои мухталиф ба чашм мехӯрад. Ҳар мавзеъ аз ин маросим ба навъи дигар кор мегирад ва аммо дар рафти ин оини аждодӣ, агар тафриқаи ҷузъӣ роиҷ аст, дар маҷмӯъ мӯҳтавои Гаҳворабахшон ва гавҳари ин расм тағйирнопазир будааст.Ба унвони мисол, дар Данғара пас аз Гаҳворабахшон маросими рӯймолдаронон роиҷ аст. Яъне чун волидайни атфол аҳд бастанд, ҷониби писар дарсоат як тика матоъро рӯи гоҳвора мегузоранд ва тарафи духтар муваззаф аст, ки ин матоъро пора бурида ба кӯдак сару либос дӯзанд.

Ва аммо Ғулом Исломов, мардумшинос мегӯяд, «Дар деҳоти кӯҳманзари Балҷувон пас аз гоҳворабандон, бо баровардани нахустдандон маросими дандонбарорӣ сурат мегирад, ки тифлонро савори маркаб хона ба хона мегардонанд ва мардум ба хурҷини маркаб анвоъи хӯрокворӣ мерезанд».
Ва аммо дар бархе мавзеъ қабл аз Гаҳворабахшон маросими «Кундапартоӣ» доир мегардад. Ба унвони мисол, дар мавзеъи кӯҳманзари Шӯроободу Ховалинг ба хонаи духтар кундаи дарахти хушке меоранд ва онро рӯи ҳавлӣ мегузоранд. Тибқи ривоёт ин кунда бояд оташдони волидайни духтарро гарму нуронӣ нигоҳ дорад. Аз ҷониби дигар, дар мавзеъ авлодро бо вожаи «кунда» ном мебаранд. Яъне агар гӯянд, ки ин писар аз «кундаи фалонӣ» аст, пас ин маъно дорад, ки Писар аз табори фалон аст. Хайрулло Тоҳиров, бостоншинос мегӯяд, «Шояд овардани кунда ба хонадони духтар маънии пайванди авлодиро ҳам дошта бошад».

Ва аммо дар акнофи Кӯлоб куртапӯшонӣ роиҷ аст. Ҳар идайн-Рамазону Қурбон ва дар ҷашни Наврӯз ҷониби Писар духтарро як курта мепӯшонад ва бо ҳамин собит менамояд, ик онҳо дар аҳди хеш устуворанд ва ин духтарро ҳатман арӯсӣ хоҳанд кард. Ин оин то рӯзи арӯсӣ идома хоҳад ёфт. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, коршиноси дигар меафзояд, ки «Маросими куртадаронӣ масъулияти духтарро дар баробари оини аждодӣ меафзояд ва куртадаронӣ дар ҳар иддайн ҳамчун як гӯшзад ба ҳамин духтар ва табори ӯст, ки аз арзишҳои Гаҳворбахшон ғофил намонанд».

Ва аммо Аҳмади Иброҳим, мегӯяд, «Дар шаҳри Кӯлоб вижагии дигари ин маросим роиҷ аст, ки «домод»-и хурдсол аз қадамҳои нахустин талқин мебинад, ки ҳатман бояд амнияти «арӯс»-и ояндаи худро таъмин кунад." Мусоҳиби ман меафзояд, ки ҳамин ҷузъиёти маросими Гаҳворабахшон низ аз аҳди қадим маншаъ мегирад, ки ҷавонмардон бояд номзадҳои худро дифоъ мекардаанд. Воқеан, духтарон, пас аз баргузории Гаҳворабахшон то ҳанӯз ҳам дигар имкони интихоб надоранд ва зери ҳимояту сарпарастии ҷавон медонанд, ки шавҳари онҳо дар оянда кист. Ва аммо писарон, ки метавонанд, интихоби худро тағйир бидиҳанд, пешорӯи асотирҳои ваҳмангези аждодӣ қарор доранд. Ҳар нафар дар Кӯлоб ба шумо ҳатман хоҳад гуфт, ки агар атфол пас аз Гаҳворабахшон ба ҳамдигар издивоҷ накунанд, сари онҳо ва сари хонаводаи онҳо бадбахтӣ мерезад. Ва аммо ин мавзӯъи гузориши дигари мо хоҳад буд. Гӯшбақимор бошед.

Гаҳворабахш - никоҳ ё ними никоҳ?
XS
SM
MD
LG