Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаққи зан баъди гирифтани талоқ


Қӯрғонтеппа

Бар асоси иттилоъи Юсуф Муҳаммадов, раиси иттиҳодияи ҷамъиятии "Рушди Хатлон", беш аз 70 дарсади занҳое, ки аз шавҳари худ бо ин ё он иллат ҷудо гаштаанд, аз ҳаққи моликияти оилавӣ маҳрум мемонанд. Ӯ мегӯяд, ин рақам натиҷаи таҳқиқотест, ки ин иттиҳодия дар заминаи парвандаҳои баррасишуда дар додгоҳҳои навоҳии Хатлон анҷом додааст: "Мо ин таҳқиқотро дар ноҳияи Бохтар ва шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронидем. Бар асоси ин таҳқиқот маълум шуд, ки танҳо 28 дарсади занони аз шавҳар ҷудогашта ба моликият соҳиб шудаанд. Зан вақте ки мустақилияти иқтисодӣ надорад, аз ҳуқуқи худ дифоъ карда наметавонад. Додгоҳҳо бошанд аслан ҳангоми ҷудо кардани занҳо аз шавҳарҳои худ, тарбияи атфолро ба дӯши зан мегузоранд."

Оқои Муҳаммадов афзуд, мушкили аслии ин қабил занон ба дунболи гирифтани номаи талоқ шурӯъ мегардад, зеро тибқи анъаноти маҳаллӣ, занон на дар хонаи падар ва на дар хонаи шавҳар ҳаққи моликиятро надоранд. Бар асоси ин анъана, занон муваззафанд, тарбияи атфолро низ бар ӯҳда бигиранд. Ин дар ҳолест, ки мегӯяд ӯ, феълан дар ҷамеъи вилоят на ҳамаи хонаводаҳо ба дунболи таъсиси оила ақди никоҳи расмӣ доранд, ки низ бар мушкили маҳрумияти занон аз ҳаққи моликият ба ҳангоми ҷудо шудан меафзояд.

Дар ҳамин ҳол, Барфимоҳ Ғаниева, коршиноси маҳаллӣ, нақзи ҳуқуқи занон ба моликият дар мавриди талоқ гирифтанро марбут ба сатҳи пасти ҳуқуқдониву огоҳии занони маҳаллӣ медонад, ки дар зимн, ба гуфтаи ӯ, аз ҳаққу ҳуқуқи худ дифоъ карда наметавонанд: "Занҳои маҳаллӣ ҳуқуқи худро хуб намедонанд. Ва чун ҳангоми талоқ додгоҳ қарор мекунад, ки ҳамаи моликият ба шавҳар тааллуқ дорад, занҳо фикр мекунанд, ин қарори ниҳоӣ аст ва ба додгоҳҳои болотар муроҷиат намекунанд. Ғайр аз ин, занҳои мо аксаран дар вақти ақди никоҳ аз шарту шароит дар ҳолати ҷудо гаштан, ҳаққу ҳуқуқи худро намедонанд. Масалан, дар кишварҳои муттарақии хориҷӣ занҳо ҳангоми ақди никоҳ қарордод дар мавриди ҳаққи моликияти худро ба ҳангоми пеш омадани талоқ ба имзо мерасонанд. Аммо дар маҳаллоти Тоҷикистон чунин шартномаро ба занон ҳангоми ақди никоҳи расмӣ аслан пешниҳод намекунанд."

Аммо аз назари уламои дини ислом, зан ҳангоми издивоҷ назди шавҳари худ аз ҳуқуқи зиёд бархӯрдор аст, вале пас аз талоқ ба моли ҷамънамудаи шавҳар ҳақ надорад. Олими Ислом Зубайдуллоҳ Розиқов: "Тибқи қонуни ислом ва муқарароти исломӣ, вақти хонадор шудан зан ҳаққи гирифтани маҳр дорад. Ва ин маҳри зан ба ду қисм ҷудо мешавад. Маҳри муаҷҷал аст, ки бояд зуд таслим кунад мард ба зан ва маҳри муҳлатдор. Ин маҳр хеле гарон аст барои мард ва агар талоқ нашавад, истодан мегирад назди мард ва мард назди зан доим қарздор аст. Ин мабоағро дар асоси ризоияти дуҷониба ба ҳангоми никоҳ муқаррар мекунанд. Ва вақте талоқ мешавад, тибқи қонуни ислом, он маблағ чанде набошад, бояд мард ба зан пардозад. Ин ҳуқуқи мулкии зан аст. То пардохтани ин ҳақ мард ҳаққи аз хона берун кардани занро надорад. Ҳар чизеро ки зан аз хонаи падар меорад ба хонаи шавҳар ва ё шавҳар ҳангоми хонадорӣ ба ӯ тақдим кардааст, ин моликияти зан аст ва мард ба он ҳақ надорад. Вале вақте ки зан аз ҳисоби ғизо, либос ва манзил таъмин мешавад, дар зиндагӣ ин ҳаққи зан аст, аммо мард меҳнате ки мекунад ва пулу моле ки меёбад, зан низ ба он ҳақ надорад."

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Юсуф Муҳаммадов, иттиҳодияи ҷамъиятии "Рушди Хатлон" бо гузаронидани як таҳқиқот ва пахши он аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва нашри китобҳо дар мавриди ҳуқуқи занони аз шавҳар ҷудогашта ба моликият барномаеро роҳандозӣ мекунад: "Кор дар лоиҳа аз чанд қисм иборат аст. Аввал, гузаронидани таҳқиқоти амиқ дар мавриди ин ки то кадом андоза занон ҳаққи моликият пайдо кардаанд, ки дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва навоҳии Бохтару Қумсангир гузаронида мешавад. Бояд мо дар ин таҳқиқот бархӯрдории натанҳо заноне, ки расман ақди никоҳ баста ва боз расман ҷудо гаштаанд, балки ҳаққи занонеро ҳам, ки никоҳи шариъатӣ баста, ба таври ғайрирасмӣ ҷудо мешаванд, мушаххас намоем."
XS
SM
MD
LG