Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси озодагӣ ва эҳтиёт ба муҳоҷирон дар Рашт


ноҳияи Рашт Аксарияти ҷавонмардони деҳоти Тоҷикистон дар пайи кор ва даромад ба кишварҳои дигар сафар мекунанд ва агар кори хубе пайдо карданд, барои муддатҳои дароз дар он ҷо мемонанд. Бисёр муҳим аст, онҳо тозагии тан ва рӯҳи худро ҳифз кунанд ва ҳамон гуна солим ба назди ҳамсару хонаводаи хеш баргарданд. Аммо барои ин бояд...

Созмони ғайридавлатии "Маркази пуштибонӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ" тасмим гирифт, аҳолии ноҳияи Раштро аз хатари бемориҳои ҷинсӣ ва махсусан СПИД ва роҳҳои пешгирӣ аз сирояти он огоҳ кунад. Ташаббуси созмони мазкур дар ҳоле ба амал меояд, ки 80 дарсади ҷавонони ин ноҳия бо мақсади мардикорӣ ба Русия сафар мекунанд ва дар бораи бемориҳои зӯҳравӣ иттилои кофӣ надоранд. Раиси созмон Ҳуринисо Ғаффорова мегӯяд, огоҳии бештари муҳоҷирон ва аъзои хонаводаи онон метавонад, як илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ бошад. Вай меафзояд, ташаббусро Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва Бунёди ҷаҳонӣ пуштибонӣ кардаанд. Дарсҳои ҳифзи саломатӣ ва пешгирӣ аз бемориҳоро пизишконе пеш мебаранд, ки дар марказҳои тиббии Душанбе аз омодагии махсус гузаштаанд. Хушнуд Ҳомидов, мудири озмоишгоҳи маркази сироятшиносӣ ва беҳдоштии Рашт мегӯяд, ин марказ дорои таҷҳизоти муосирест, ки сирояти HIV ва ё СПИД-ро ташхис карда метавонад. Дар чанд моҳи охир беш аз 1000 нафар ба ин марказ муроҷиат кардааст. Бо вуҷуди бемориҳои муайяни зӯҳравӣ, ягон сироятдидаи HIV ба кашф нашудааст.
XS
SM
MD
LG