Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 85 дарсади паррандаҳои Тоҷикистон - шомили Китоби Сурхи номунташир


Тилло Бобоев, номзади илми биологӣ, садри боғи наботот дар Кӯлоб мегӯяд, дастикам ҳамин теъдод паррандагон дар марзи маҳв қарор доранд ва дар кишвар бояд оҷилан як барномаи мушаххаси ҳифзи олами туюр рӯи кор ояд.Дар водии Кӯлоб ҳастанд паррандаҳое, ки дигар дар ягон нуқоти олам мушоҳида нашудаанд ва хоси табиати кӯҳсори мавзеъанд. Дар ин мавзеъ танҳо 4 намуди кабк будаанд. Кабки дарӣ, кабки кӯҳӣ, кабки хурд, кабки даштӣ! Ва аммо Толиб Бобоев мегӯяд, ҳамаи ин кабкон дар марзи маҳв қарор доштаанд:

« Кӯчиши бетартибона ва бенизоми мардум дар миёнаи солҳои 80 ва аввали 90- и асри 20, афзоиши ниҳоят зиёди чорво, буридани дарахтзорҳо барои чарогоҳи ҳамин ҳаявон ба он оварда расонидааст, ки лонаи кабкон поймоли ҳамин чорво шудаанд ва мавзеъи зисти онҳо танг шуда, то теғаи кӯҳҳо расидааст ва дар ин зимн кабкон ба оҳистагӣ нест шудан доранд. Ва он рӯз дур нест, ки мо кабконро ба пуррагӣ аз даст диҳем, ҳамонгуна, ки замоне мурғи даштӣ ё худ «фазан»-ро аз даст дода будем»

Ва аммо дар марзи маҳв будани паррандагон фоҷиа нест. Фоҷиа ин аст, ки теъдоди бештари паррандагони нодир комилан маҳв шудаанд. Ба гунаи мисол, уқобон, ки ифтихори кӯҳистони тоҷиканд, тақрибан ва мурғони даштӣ, ки то солҳои панҷоҳи асри гузашта теъдоди онҳо ҳатто аз кабк зиёд будааст, комилан маҳв шудаанд. Толиб Бобоев:

« Дар ҳамин такдаштҳои Кӯлоб дар солҳои панҷоҳи асри гузашта мурғи даштӣ гурӯҳ- гурӯҳ мегашт ва шикори он номаҳдуд буд. Ва аммо бубинед, ки ин мурғи зеботарини осиёӣ дигар нест. Онро аҳёнан метавон дар минтақаи марзии Афғонистону Тоҷикистон вохӯрд, дар мавзеъе, ки даромадани инсон манъ аст ва ҳамин симтӯрҳои русӣ ин мурғро аз шикорчии тоҷик эмин медоранд. Ва аммо дар ҳамин мавзеъ низ, хеле ва хеле кам мондааст, мурғи даштӣ»

Ва аммо Хайрулло Тоҳиров, садри осорхонаи таъриху олами вуҳуш мегӯяд, аксари паррандагон бо шумули бумҳои ботлоқӣ ва мурғобиҳои нодири осиёӣ зимни хушконидани найзорҳо маҳв шудаанд.Ҷаноби Тоҳиров меафзояд, ки бештари дигар навъи паррандагони нодири шикорӣ, хоса уқобу бум, бошаву шоҳин замони даргириҳо маҳв шудаанд:

« Замони даргирии шаҳрвандӣ силоҳи зиёд ба дасти мардум расид ва паррандагони бузург, хоса уқобҳо, шоҳину бумҳо ва дигар анвоъи паррандагони бузургҳаҷм мавриди шикори бенизоми яроқдорон қарор гирифтанд ва тақрибан маҳв ҳам шудаанд»

Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Бобо Тиллоев, ки барои ҳифзи олами туюр аз як пажӯҳиши илмӣ кор гирифтааст, то ҳанӯз паррандагон маҳв мегарданд. Тилло Бобоев мегӯяд, шикорчиён уқоби хурду бузург, бургут, шоҳин, боз, бошаву бумҳоро дом ниҳода, ба хориҷиён, ки бо қочоқи ин навъи паррандагон банданд, ба фурӯш мезананд. Аз сӯи дигар, олами паррандагонро чорвои давлативу шахсӣ, ки теъдодашон дар кӯҳистон ба таври идоранашаванда меафзояд, пурра маҳв мекунанд.

Ва аммо худи паррандагон низ боиси маҳви нодиртарин навъи ҳамҷинсон гаштаанд. Ба унвони мисол, майнаи ҳиндӣ, ки 4 ҷуфти онро солҳои 50 асри гузашта устод Мирзо Турсунзода ба Душанбе овардааст бо суръат афзоиш меёбад. Майна, тибқи иттилоъи табиатшиносон, ки зиндагонии қабилавии тифоқ дорад, на танҳо ғизои дигар паррандагонро истеъмол дорад, балки хонаҳои онҳо, марғзору мавзеъи буду боши онҳоро ғасб мекунад, ки дар натиҷа паррандагони нодиртарин, ҳамчун кабк, шонасарак, ҳудҳуд дар мавзеъ маҳв мегарданд ва ё аз Тоҷикистон кӯч мебанданд:

«Бештари хатарро барои тамомии намуди паррандагон майнаи ҳиндӣ таҳия дорад. Ин намуди парранда, ки солҳои панҷоҳ ба кишвар ворид карда шуд, саршумораш хеле афзуд ва майна на танҳо боғоту киштҳоро вайрон мекунад, ки бо нестсозии хӯриши паррандагон дигар анвоъи паррандаҳои нодиртарини кишварро, ки назирашон дар ҷаҳон нест, маҳв кардан дорад.»

Тилло Бобоев мегӯяд, майнаҳо бо танг кардани мавқеъи кабку зоғҳои тибетӣ, ки ғизои аслии паррандагони шикорӣ будаанд, ба маҳви уқобон мусоидат кардаанд.Роҳи раҳоӣ аз вартаро табиатшиносон дар танзими афҳзоиши теъдоди чорво ва паррандагон дидаанд. Онҳо мегӯянд, барои ба танзим даровардани саршумори паррандагони нодир, бархе аз навъи он бояд то дараҷае ба таври сунъӣ маҳв гарданд. Хоса майнаи ҳиндиро бояд тибқи барномаи мушаххас нест кард.

Ҳуд - ҳуд, аккаи думдор, мурғобии ёбоӣ, зоғчаи сиёҳ, буми ботлоқӣ, кабудча, чуғз, чуғзи кут- куток, кур-курок, фохта, уқоби хурд, калхот, зоғи тибетӣ, бум, кабутари даштӣ, саъба, шоҳин,бошаи хурд, кий-кияв, шонасарак, мурғобии чӯбчабо ( бо даҳ намуди дигари мурғобӣ) , мурғи даштӣ, буми бузург, моҳихӯрак ва кабки дарӣ...
Ин номгӯи паррандагоне буд, ки ман ҳамакнун онҳоро танҳо дар осорхонаи вуҳӯш дарёфтаам. Олими табиатшнос, Тилло Бобоев мегӯяд, агар вазъ оҷилан тағйир напазирад, ду даҳсол ба баъд Тоҷикистон дучори фоҷеъаи бузурги эколоҷӣ мегардад ва ва беш аз сад намуд паррандаи дигарро низ метавон танҳо дар музейҳо ҷуст:
«Ҷамъияти мо пешорӯи фоҷеаи бузурги экологӣ қарор дорад. Бо барҳамзании як намуди парранда риштапайвандии табиат гусаста мешавад ва маҳви паррандагон ба нестии ҷангалҳо ва адами дарахтзорон ба маҳви гулу гиёҳу буттаҳова вайроншавии фазову табиат меоварад. Мо бояд ҳатман садди роҳи ин хатари бузург шавем, вагарна 20 сол баъд мо аксари паррандагони диёри худро танҳо дар китобҳо мебинем ва будани уқобони имрӯзӣ барои фарзандони мо ҳамчун як афсона боқӣ мемонад, ҳамон афсонае, ки дар бораи Симурғҳову Динозаврҳо мехонанд!»

Фарҳанги табитдӯстдорӣ аз фарҳанги ватанхоҳиву хештаншиносӣ бастагӣ дорад. Ва дар мавриде, ки ҳукумати марказӣ барои эҳёи фарҳанги миллӣ талош дорад, як кишоварзи табармусаллаҳ ва ё як кӯдаки қулакандоз метавон бо як зарб охирин решаи табиатро бо нодиртарин парранда ба нестӣ диҳад. Коршиносон мегӯянд, танҳо тавассути барномарезии ҳифзи олами туйюр ва эҳёи фарҳанги табиатдӯстии атфол метавон аз фоҷеаҳои азимтар аз бӯҳрони фарҳангӣ дар ояндаи наздиктарин ҷилавгир шуд.
XS
SM
MD
LG