Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ояндасоз"- шоу дар Душанбе


Бори дуввум аст, ки барномаи «Ояндасоз» - гуфтори махсуси ҷавонони радиои Озодӣ дар Душанбе шоу- барнома баргузор мекунад ва ҳар навбат бо вижагиҳои тоза ба тоза. Тозагии консерти рӯзи ҳафтум дар оғози ғайриоддиву ғайримаъмуливу ғайримунтазирааш буд. Пас аз садо додани ба истилоҳ «кулоҳ»-и барномаи «Ояндасоз» ба саҳна ...на, на, на, на мубтакирон ва на сарояндаҳо, балки ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон баромаданд.

Шурӯъи шоу бо ҳунарнамоии Сирк барои Тоҷикистон як таҷрибаи нав буд ва ҳунари волои онҳо ва қабули хеле ҳам хуши тамошобинон гувоҳи он буд, ки ин таҷриба - таҷрибаи хеле хуб ҳам буд. Зери навои баваҷдоварандаи фаронсавӣ сиркбозҳо бо ҳунари ҳайратовари худ тамошобинонро водор ба оҳу вой ва кафкӯбӣ мекарданд.
Ва бо анҷоми ин ҳунарнамоӣ, ин гурӯҳи эҷодии Сирки давлатиро, ки Ашӯр Раҷабов сарварӣ мекунад, муаррификунон ба саҳна Хиромон Бақозода - муҷрии «Ояндасоз» баромад ва билофосила аз паси ӯ зери кафкӯбиҳои давомдор ҷавонони Озодӣ, Фирӯз Баротов, Шаҳлои Гулхоҷа, Зарангези Наврӯзшо ва Ҳумоюни Шаҳриёр.

«Ояндасоз»-ҳо танҳо як дақиқа, бал камтар ба хайрамақдам гуфтан фурсат ёфтанд, ки ба саҳна Ҳабиб Ҳакимов «Фарзин»-ашро пеш баровард ва ба тавсифи ҳусну ҷамоли «Духтари Ванҷӣ» пардохт.Бо анҷоми вақте, ки ба ихтиёри «Фарзин» дода шуда буд, аъзои гурӯҳ саҳнаро тарк карданд вале Ҳабиб фурсат наёфту ӯро Шаҳло - масъули фарҳангиву ҳунарии «Ояндасоз» дар саҳна дошта гирифту ҳамонҷо мусоҳибаи хурде анҷом дод.
Эпизоди баъдӣ - муаррифии исму чеҳраву андоми ҳайати эҷодии «Ояндасоз» ба тамошобинон буд. Хиромон пас аз муаррифии ҳамкорони худ,барномаи «Ояндасоз» - гуфтори махсуси ҷавонон ва мавзӯъоту масоилеро, ки дар он садо медиҳад, муаррифӣ кард. Дар баробари муваффақиятҳову комёбиҳои ҷавонон, хабарҳои ҷолиб аз зиндагии ҷавонон, "Ояндасоз" боз минбари ҳарф аз мушкилоти ҷавонон аст ва аз ҷумлаи ин мушкилиҳо дардҳову гуфтаниҳои муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русия аст. Аммо ин навбат дар шоуи мо қиссаҳои ҷолиб аз ҳаёти муҳоҷирон ҷо дода шуда буд. Умедҷон Аҳмадов - ҳазлкори ҷавон аз саргузаштҳои шунидании ҷавонон ҳикоя мекард, ки зиндагӣ имконашон надода дар ватан илм биёмӯзанду кор бикунанд ва аз ин рӯ бе донистани забони русӣ Русия мераванду аз он ҷо қиссаҳои ҷолиб меоранд.
Пас аз сафарномаҳои мусофирони тоҷик дар Русия ба саҳна як мусофири дигар баромад. Нафаре, ки ба Душанбе ба сафари хидматӣ омада буд. Дилноз Каримова аз Хуҷанд !

Дилноза дар саҳна низ рақсиду ба зал фаромада бо тамошобинон низ. Ва ҳамроҳ бо тамошобинон сароид. Дилноз баъдан дар як сӯҳбати хурд дар саҳна ба Хиромон гуфт, дар олами ҳунар мавқеъ ёфтан кори осон нест ва заҳмати хеле зиёдро металабад.
Маҳз бо заҳмати зиёду талоши беандоза қаҳрамони дигари барнома - Насиба Ҳомидоваи ҳабдаҳсола дар зиндагӣ мавқеъи худро ёфтааст. Насиба дар тифливу наврасӣ майдафурӯшиву бозорнишинӣ мекард, вале бо омӯхтани касби дойранавозиву таблакнавозӣ дигар ризқу рӯзии худро аз ҳунар меёфтагӣ шуд. Насиба ҳоло ҳатто шогирдон низ тарбия мекунад ва ҳунарнамоии Насибаву шогирдони ӯ кафкӯбиҳои баландеро дар саҳна хезонд. Гуфтанист, Насиба - бозёфти Фирӯз Баротов аст ва як гузориши Фирӯз аз ҳаёти Насиба дар рӯзи консерт пирӯзи озмуни «Қиссаҳои ҷавонони муваффақ»-и радиои Озодӣ гардид.
Насиба танҳо яке аз сюрпризҳо дар шоу буд. Сюрпризи дигарӣ садо додани ваъдаи Ораш - сарояндаи маъруфи иронии муқими Шведсия буд, ки мегуфт, Тоҷикистон хоҳад омад. Ин қавлро Ораш дар як сӯҳбате дар яке аз дискоклубҳои Прага ба Фирӯз дода буд ва зери навои «Буру - буру»-и Ораш ба саҳна як Ораши дигар даъват шуд. Сайид Ораши Толибиён - ҳамватани он сароянда ва муҳассили донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки мегуфт, ба Душанбе бо ҳадафи дандонпизишки хуб шудан омадааст.

Муҳассилон ва маориф аз мавзӯъотест, ки дар «Ояндасоз» ҳамеша пайгирӣ мешавад, ҳамчуноне, ки мӯътодӣ - аз дардҳои дигари ҷавонон ва ҷомеаи имрӯз. Айни ҳол дар Тоҷикистон тақрибан ҳафтод ҳазор нашъаманд ҳастанд бино ба арқоми коршиносон ва дар бозгардони ин маризон ба ҳаёти солим корҳои назаррасеро созмони «Раҳоӣ аз мӯътодӣ» анҷом медиҳад, ки муаррифии фаъолияти ин созмон аз даҳони муассис ва раҳбари он Муртазо Хидиров садо дод.
Муртазо Хидировро Ҳумоюни Шаҳриёр муаррифӣ кард ва Ҳумоюн баъд аз ҷаноби Хидиров боз як исми дигареро ба саҳна хонд. Гурӯҳи ҳунариеро, ки дар чорабиниҳои мухталифи мубориза бар зидди нашъамандиву СПИД ширкат кардааст. Гурӯҳе, ки борҳо ҳунари Тоҷикистонро дар саҳнаҳои Аврупо муаррифӣ кардааст. Нобовар Чаноров ва гурӯҳ «Шамс».
Дар анҷоми консерт Маъсума Турфа - раҳбари бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, «Ояндасоз» - ин минбари тамоми ҷавонони Тоҷикистон аст. Агар онҳо гуфтание доранду минбаре надоранд, ки аз он дарди дилашонро холӣ созанд, марҳабо ба «Ояндасоз» !
Ва сюрпризи охирӣ - ҳадяҳои ба истилоҳ «фирменний»-и «Ояндасоз» дар баромадгоҳ ширкатдорони консертро интизор буд.

Консерти "Ояндасоз"-ро дар аксҳо бубинед

Ва сабти комили комили онро бишнавед
XS
SM
MD
LG