Пайвандҳои дастрасӣ

Рашт = "Русияи хурди"-и мардикорони навоҳии атроф


Рашт

Садҳо нафар аз сокинони ноҳияи Ҷиргатол ноҳияи Раштро маҳали мардикории худ қарор додаанд. Коршиносон афзоиши мардикорони ҷиргатолиро дар ноҳияи ҳамсоя аз коҳиши нархи картошка дар муқоиса ба солҳои қаблӣ медонанд.

Ва аммо ба суоли он ки чаро Русияро не, маҳз Раштро барои мардикорӣ интихоб намудаанд, аксари мардикорон мегӯянд, барои онҳо ин ҷо беҳтар аст, зеро онҳо дар мавқеъи зарурӣ метавонанд бо харҷи ками роҳкиро аз хонадони худ хабар гиранд ва ҳамзамон чун солҳои пешин корҳои кишоварзии худро низ анҷом диҳанд.

Имрӯз Раштро дар Ҷиргатол «Маленкая Россия» ва ё Русияи хурд ном мебаранд, зеро ба гуфтаи мардикорон, онҳо имкон доранд, дар як моҳ аз 150 то 200 доллар ва дар баъзе маворид аз ин ҳам бештар маблағ ба даст оранд. Ҷумъа, як нафар усто машғул шудан ба коре ва ё шуғлеро дар назди аҳли байт аз рафтан ба Русия авлотар медонад.

Додархоҷа Сироҷов - сармутахассиси шуғли аҳолии ноҳияи Рашт дар мавриди ҳузури мардикорони ҷиргатолӣ дар маркази водии Рашт гуфт, бо омадани мардикорони ҷиргатолӣ корҳои сохтмонӣ дар Рашт авҷ гирифт. Ҷамшед, корфармои маҳаллӣ, рушди корҳои сохтмониро дар кишвар зарур медонад ва меафзояд, агар бозорҳои корӣ ба таври васеъ ба кор дароянд, бо назардошти мушкилоти муҳоҷирин дар Русия ин соҳа дурнамои рӯшанеро интизор аст. Мардикорони нави корӣ дар ноҳияи Рашт усулан ба анҷоми корҳои таъмиру тармими сохтмонӣ дар манзили касоне машғуланд, ки онҳо худ дар Русия муҳоҷири меҳнатианд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG