Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти фардои Тоҷикистон кӣ хоҳад шуд?


Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар пасманзари мулоқоти президент Раҳмонов бо ҷавонони тоҷик, раиси ҷумҳури кунунии кишварро "президенти фардои Тоҷикистон" номида, навиштааст, ин мулоқот собит намуд, ки фаъолияти густурдаи Раҳмонов акнун оғоз меёбад. Ба эътиқоди таҳлилгари нашрия, марҳалаи саргардонии ҷавонон барои дарёфти раиси ҷумҳури идеалии худ поён ёфт ва акнун онҳо ин идеалро дар симои президенти фардои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мебинанд.

«Тоҷикистон» афзудааст, бархе аз кишварҳо дар талоши сари қудрат овардани афроди худ дар Тоҷикистон ҳастанд, аммо чун ҷавонон бо онҳо нестанд, ҳеҷ боке нест. «Зиндагӣ» бо ишора ба мулоқоти Раҳмонов бо ҷавонон навиштааст, президент собит кард, ки шахси дастнорас нест ва афзудааст, шояд сӯҳбати ошкорои раиси ҷумҳур Раҳмонов бо намояндагони васоити ахбори умум низ сурат гирад.

«Вечерний Душанбе» бо ишора ба таҳаввулоти сиёсии ахири Қирғизистон таҳаввулоти мазкурро таҳаввулоти инқилобӣ дар густураи собиқ ҷамоҳири шӯравӣ унвон намудааст. Ин ҳафтанома ба нақл аз Ҷорҷ Буш нигоштааст, Амрико дар ҳар гӯшаи дунё аз роҳ афтодан ва рушди ин раванд пуштибонӣ менамояд. «Азия Плюс» ба мавзӯъи низоми нави вуруд дар ҳудуди кишварҳои созмони Авруосиё пардохта, навиштааст, дар пайи роҳандозии низоми нав иқомати садҳо нафар шаҳрвандони тоҷик бинобар бетаваҷҷӯҳии мақомоти кишвар дар Русия расман ҷанбаи ғайриқонунӣ гирифтааст.

Ба навиштаи ин ҳафтавор, ҳукумати Тоҷикистон эълом дошта буд, ки дар Русия барои муҳоҷирини корӣ панҷ нуқтаи ироаи шиносономаҳои хориҷӣ ифтитоҳ мегардад, аммо то кунун ин қарор дар рӯи коғаз боқӣ мондааст.

«Наҷот» аз ҳаводиси хунбори Андиҷон ёд намуда, навиштааст, ҳар қадре, ки ҳукумати Каримов сиёсати таҳдиду фишор дар кишварашро тақвият диҳад, ҳамон қадар эҳтимоли вуқӯъи инфиҷори хашми мардум дар дохил афзоиш меёбад. «Наҷот» пешгирӣ аз чунин вазъро барои ҳукумати Ӯзбакистон дар он дидааст, ки бояд ин ҳукумат дар дохили кишвар аз равишҳои гуфтӯгу ва мусолиматомез бо мухолифин кор бигирад.
XS
SM
MD
LG