Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилноза дар Душанбе ва дар меҳмонии Ояндасоз


Дилноза яке аз овозхонҳои ҷавон ва шинохтаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд шимоли кишвар ба сар мебарад, пас аз ду сол бори дигар ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе омадааст, то барномаи нави ҳунарии худро пешкаши мухлисонаш кунад.
Дилноза ҳамчунин ахиран албоми нави худро бо номи "Нигори ман" ва иборат аз 15 таронаи нав нашр кардааст ва умедвор аст, таронаҳои нави ӯ ба мухлисонаш писанд хоҳад омад. Дилноза мегӯяд, сари ин албом тайи ду сол кор ва барои ҳар таронаи он вақти бисёре сарф кардааст.
Дилноза ончунон санъатро ба гуфтаи худаш дӯст медорад, ки онро "масҷиди ман" меномад ва мегӯяд, ин ҳунарашро ба чизе иваз нахоҳад кард. Ӯ ба барномаи "Ояндасоз" гуфт, ки ба саҳна "аз осмон" наафтидааст.
Хати сабзро клик кунед ва худи Дилнозаро бишнавед.
XS
SM
MD
LG