Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти талхи духтароне, ки волидон аз онҳо рӯ гардонидаанд


Имсол мактаби махсуси ҷумҳуриявиро 10 духтари собиқ оворагарду танфурӯш хатм мекунанд. Мушкили асосии ин духтарон он аст, ки оила ва хешу наздиконашон аз онҳо рӯй гардондаанд. Комил Холов - муовини раҳбари мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ мегӯяд, нафароне, ки ба синни 16 расида, соҳиби шаҳодатномаи хатми синфи 9 мегарданд, бояд ба ҷойи истиқоматашон баргардонида шаванд. Ба гуфтаи Комил, онҳо бо мақсади дарёфти волидон ва ба оила баргардонидани хатмкунандагон, гурӯҳеро таъсис доданд, лекин маълум гардид, ки волидону наздиконашон хоҳиши дидани рӯи фарзандонашонро надоранд:

«Падару модарони ин духтарон хоҳиши қабули фарзандони худро надоранд. Гӯё ки дар натиҷаи ба фоҳишагиву танфурӯшӣ даст задан ин духтарон нуфузи оилаи онҳоро паст карда бошанд.»

Дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ бори нахуст 1 сол қабл дар натиҷаи мувофиқаи прократураи шаҳри Душанбе ва вазорати маорифи Тоҷикистон дар баробари писарон, 15 духтари аз синни 11 то 16-сола ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин духтарон гуфтаанд, сабаби аслии ба танфурӯшӣ даст заданашон камбизоатӣ будааст. Яъне аксари онҳоро мушкилиҳои ҳаёт бозорнишин кардааст ва дар натиҷаи шиносоӣ бо духтарони сабукпо ба ин роҳ рафтаанд.
Ва сӯҳбате мекунем бо яке аз онҳо:
-Баъди хатми мактаб ба куҷо меравед?
--Намедонам куҷо мерам. Хонамон равам қабул намекунанд.
-Кӣ гуфт инро ба шумо?
-Очам гуфт, ки оқат кардам, дигар хона набиё!
-Акнун шумо чӣ кор мекунед? Зиндагиатонро чӣ хел пеш
мебаред?
-Мехоҳам дузандагиро ёд гирам ва бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кунам.
-Мехоҳед бо оилаатон зиндагӣ кунед?
-Мехоҳам ................ (гиря мекунад)

Комил Холов мегӯяд, дар тӯли як сол, духтарони душвортарбия зери назорати сахт қарор доштанд ва акнун касе кафолат намедиҳад, ки онҳо боз ба ҳаёти пешазмактабии худ барнамегарданд:

«Имрӯз онҳо ба байни мардум мебароянд, ба байни ҷомеае мебароянд, ки дар он сарнагун гаштаанд. Роҳу равиши худро намедонанд ва ба ҷуз аз таҷрибаи дар хиёбонҳо гирифтаи худ чизеро намедонанд. Барои онҳо танҳо як чиз муҳим аст, чӣ гуна зистан ва чӣ гуна зинда мондан - яъне боз бо роҳи муфт даромад ба даст овардан.»

Ба андешаи равоншинос Нафиса Муродова, оила ин ақибгоҳест, ки шахс дар рӯзҳои душвор умед бар он мебандад:

«Ояндаи ин духтарон чӣ мешавад? Мақсади ҳаётии ҳар як зан ин оила доштан, соҳиби фарзанд будан ва ба касе лозим будан аст. Тассавур кунед, баъди 10- 12 сол тақдири онҳо чӣ мешавад.
Албатта дар навбати аввал одам дар ҳолати рӯҳафтодагӣ қарор мегирад. Рӯҳафтодагӣ сабаби дилхунукӣ аз зиндагӣ мегардад. Дар чунин ҳолатҳо бисёр вақт ба худкушӣ даст мезананд.»


Садорати мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ кӯшиш дорад, ки бо ҷалби таваҷҷӯҳи созмонҳои давлативу байналмилалӣ ҳалли мушкили духтаронро дарёбанд.
Комил Холов: «Дар рӯзҳои наздик як мизи гирде бо иштироки созмонҳои байналмилаливу мақомоти дахлдор ташкил мекунем, ки дар якҷоягӣ бо онҳо роҳҳои ҳалли ин масъаларо пайдо намоем.»

То хатми мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ танҳо барои духтарон 1 моҳ мондааст. Ва пас як моҳ маълум хоҳад шуд, ки ин духтарон куҷо хоҳанд рафт ва чӣ кор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG