Пайвандҳои дастрасӣ

Фирӯз - муҳоҷири оддие, ки ба сарояндаи маҳбуби ҳазорон ҷавон табдил ёфт


Ин суруд ҳокии саргузашти сарояндаи он Фирӯз Эмомов ва садҳо ҳазор тоҷикҷавони дигари мисли ӯст. Фирӯз ин сурудро зери лаб замзамакунон мегӯяд:

«Ғарибӣ ҳаст ғарибӣ. Ба ҳамаи корҳо мо машғул будем дар он ҷо, то ки як зиндагии худро ёбем, гушна намонем, пойлуч намонем, белибоса намонем.»

Фирӯз Эмомов - собиқ як муҳоҷири кории тоҷик, танҳо рэпхони тоҷик аст, ки имрӯз исмаш вирди забони ҷавонҳои тоҷик дар дохилу хориҷ гаштааст ва садои рэпаш, ҳама ҷо, чӣ дар фиттафурӯшиҳову бозорҳо ва чӣ дискотекаву маршруткаҳо баланд аст.
«Осмон, осмони софу беғубор,
Рӯзе туро дидам ман, эй ёр,
Эй ёр, эй ёр, эй ёр, эй ёр, эй ёр,
Нигоҳ мекунӣ ту маро бисёр.»


То имрӯз дар олами ҳунари Тоҷикистон жанри поп аз сарояндаҳо ситора месохт. Вале Доктор Эмфир, тахаллуси Фирӯз чунин аст, ба ин олам рэпро ворид кард ва ӯ аз рэп ситора сохт. Аммо қиссаи то ин қулла расидани Фирӯз хеле дароз ва риққатбор аст. Фирӯз 28 сол дорад. Дар як рустои шаҳри Кӯлоб, дар ҷануби кишвар, дар минтақаи нисбатан фақири Тоҷикистон бузург шудааст. Бепадар бузург шудааст. Дар шароити Тоҷикистон, махсусан дар манотиқи дурдаст падар - ин сарвари оила ва сутуни оила аст ва тифлоне, ки падар надоранд, барояшон муваффақ гаштан дар ҷомеа хелеву хеле сангин ва шояд имконнопазир бошад. Аммо Фирӯз, ӯ дар шонздаҳсолагияш аз ошёнаи дуюми як бино меафтад ва пояшро маъюб мекунад. Се моҳро дар маризхона сипарӣ мекунад ва баъд яку ним сол бо асо роҳ меравад. Ба донишгоҳи санъат дохил мешавад вале пас аз ду моҳ онро партофта ба Русия мардикорӣ меравад.

Қиссаи Русияравӣ ва азобҳояш дар ғурбатро дар сурудаш тасвир кардааст ва мегӯяд, ин қиссаи на танҳо ӯ, балки тасвири дардҳои ботинии беш аз як миллион ҷавони дигари тоҷик низ мебошад.
Дар Русияи сарду бегона, зери таҳқиру дашномҳои милисаҳои рус ва корҳои сангини бозору сохтмон Фирӯз ду солро паси сар мекунад. Ва бозмегардад. Ба донишгоҳи ҳунарҳои зебо бори дигар дохил мешавад, соли 2002 онро хатм мекунад ва соли 2003 нахустин суруди рэпаш дар мавҷи радиоҳои маҳаллӣ садо медиҳад:

«Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муамморо на ту хониву на ман,
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,
Чу парда биафтад, на ту мониву на ман..»

Ин рубоии Умари Хайём, аввалин чаҳор мисраъи рэпи Фирӯз мебошад. Фирӯз мегӯяд:

«Ба ман бисёр калоншавандаҳову ситораҳои шоу - бизнеси тоҷик мегуфтанд, инро кӣ гӯш мекунад, ин бача чӣ хондестай, чӣ мегӯяд,..»

Аз Фирӯз мепурсам, ки пас чаро чунин роҳи ғайрианъанавиро пеш гирифт? Роҳи ноҳамвореро, ки маълум набуд, оё интиҳояш куҷост? Чаро боз Русия нарафт, бизнесро пеша накард, ё поп насуруд? Мегӯяд:

«Гуфти русзабонҳо ман рискованный бачаюм. Ба душвориҳо сабр мекунам. Ягон бор аз ягон кас маслиҳат пурсидагӣ нестам. Ягон бор.»

Дар Тоҷикистон ҷавононе, ки бе маслиҳати калонсолон кореро мустақилона шурӯъ кунанд, ҳамеша ангуштшумор буданд. Барои модари Фирӯз - бону Файзигул Каримова низ мусиқиҳои бегонаи фарзандаш аввалҳо писанд набудааст, вале он ки ӯ аз дарди ҷавонҳо мегӯяд, аз мушкилоте ҳарф мезанад, ки имрӯз дили аксари ҷавонони тоҷикро мефишорад, ин зани беш аз чиҳил солдоштаи рустоиро водор кардааст, сари интихоби фарзандаш бештар андеша кунад:

«Рости гап, ба ман шеърҳои халқӣ маъқул аст. Суруди Фирӯз ба ман аввал писанд наомад, вале ҳоло ба ман писанд аст, ман розӣ ҳастам.»

Қабл аз Фирӯз низ дар Душанбе рэп месуруданд. Вале ҳоло чун рэп мегӯянд, Доктор Эмфирро дар назар доранд ва чун Доктор Эмфир мегӯянд рэпро дар назар доранд. Чанд ҳафта қабл нахустин албоми Фирӯз нашр шуд ва Азиз Алиев - сарвари ширкати «Наво» - аз маъруфтарин ширкатҳои сабти садоии Тоҷикистон мегӯяд, ин албом аз пурфурӯштарин албомҳо дар Тоҷикистон аст:

«Доктор Эмфир ҳақиқатан ҳам рэпро тоҷикӣ кард. Ӯ рэпе месарояд, ки одамро ҳам аз гӯшаш ва ҳам аз дилаш медорад. Дар рэп матн асосӣ аст ва матнҳои сурудҳои Фирӯз ба ҷавонон наздик аст.»

Симон Уорнер - муҳаққиқи мусиқии замонавӣ дар донишгоҳи Лидси Бритониё дар як сӯҳбати телефонӣ бо мо пас аз шунидани як пора рэпи доктор Эмфир гуфт:

«Ба назари ман он чӣ, ки садо дод, шеваи хониши амрикоиҳои ғарбиро дар оғози солҳои 90 ба хотир меорад, мисли хонандаи Ту Пак Шакур. Аммо тарона бештар шеваи хониши овозхонҳои рэпи Ховари Миёнаро ба ёд меорад.»

Сурудаҳои доктор Эмфир дар як муддати хеле кӯтоҳ миёни ҷавонони тоҷик, ки мувоҷеҳи мушкилоти зиёдеянд, махсусан миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия маъруфият касб кардаанд. Як муҳоҷири ҷавон мегӯяд:

«Бисёр бо забони содда ва фаҳмо мегӯяд. Сурудҳои Доктор Эмфир аз проблемаҳои ҷавонон мегӯяд. Ҳаминаш ба ман писанд аст.»

Фирӯз барои нахустин бор дар Тоҷикистон рэп ва попро микс кард ва ҳамроҳ бо яке аз сарояндаҳои маъруфи попи Тоҷикистон, Парвина Шукруллоева онро суруд. Ин суруд ҳамин ахир суруди сол - 2005 интихоб шуд, ки маросими ҷоизасупориаш охири моҳи май баргузор мегардад.

Фирӯз имрӯз худро як нафаре медонад, ки аз як ҷавони оддӣ, бепадар, бо таҷрибаи талхи мардикорӣ дар Русия, бе як тин дар киса аз зарбаҳои тақдир худро канор гирифт ва бо ихтиёр кардани як касби ғайримаъмулӣ ва барои ҷомеаи консервативи тоҷик душвортағйир ба ситораи ҳунар ва кумири ҳазорҳо ҷавони тоҷик мубаддал гашт. Зеро ӯ аз ҳаёти сангини ҷавонони тоҷик мегӯяд, таппишҳои қалби ҷавононаи ошиқонро месарояд, онҳоро накӯҳиш мекунад, насиҳат мекунад. Фирӯз мегӯяд, ӯ далели зиндаест, ки метавон бо доштани иродаи қавӣ аз ҳар кори сифр муваффақ шуд. Фирӯз мегӯяд, дигар кофист, дар кишвари бегона хору зор гаштан, дигар кофист, аз таълиму тарбия дур мондан, дигар кофист, раҳоиро дар нашъаву алкогол дидан.
XS
SM
MD
LG