Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дардҳои наву кӯҳнаи собиқадорони тоҷики бартарафсозии оқибатҳои фоҷиаи Чернобил


Сафар ба мавзеъи марговар

Дилором Алимова мегӯяд, аз соли 1992 то 1994-и милодӣ бо даъвати комиссариати низомии Суғд дар маҳалли офатзадаи ноҳияи Климови Чернобил ба сифати табиб адои вазифа кардааст: «Вақте ки соли 1990 маро аз тарафи комиссариат ба Чернобил фиристоданд, ман натвонистам, ду фарзанди хурдсолам, писару духтарамро танҳо монам ва онҳоро ҳамроҳи худ бурдам. Соли гузашта духтарам Гулбаҳор, ки аз бемории радиатсионӣ доим азоб мекашид, дар синни 28-солагӣ вафот кард. Аз духтарам як фарзанди хурсол Парвиз ба дунё нишона мондааст, ки ҷони вай ҳам аз беморӣ дар ранҷу азоб аст.»

Дилором Алимова феълан ба Ҷамъияти осебдидагони садамаи Чернобил дар вилояти Суғд сарварӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, феълан дар қаламрави вилоят 501 нафар иштирокдорони бартарафсозии оқибати фоҷиа ба сар мебаранд, ки беш аз 100 тани онҳо маъюби дараҷаҳои гуногун мебошанд. Панҷоҳу се нафар собиқадорони дигари Суғд баъди бозгашт ба ватан аз Украина бар асари бемориҳои мухталифе, ки дар Чернобил гирифтор шудаанд, ҳалок шудаанд. Дилором меафзояд, бо гузашти солҳо дарду ғами чернобилчиёни суғдӣ кам нашуда, дучандон гаштааст, зеро насле, ки фарзандони навзоди онҳо аксаран ноқис ба дунё меоянд: «Аксарияти кӯдакони чернобилчиёни мо бемориву нуқсҳои модарзодӣ доранд, ҳам бемориҳои ҷисмонӣ, ҳам рӯҳӣ. Масалан, сардарди доимӣ доранд, тез хаставу хашмгин мешаванд ва суст рушд мекунанд.»

Аммо оё дар он давра чернобилчиёни Суғд медонистанд, ки ба чӣ кори хатарнок ва фоҷиаоваре сафарбар шудаанд? Ва оё сафари онҳо ба Чернобил маҷбурӣ сурат мегирифт ва ё ихтиёрӣ?

Акбар Холиқов - сокини шаҳри Истаравшан рӯзи сафараш ба Чернобилро чунин ба ёд меорад: «Мо худамон намедонистем, ки моро ба куҷо мебаранд. Он вақт ҳамин хел як давра буд. Дар бинои комиссариати ҳарбӣ ҷамъ карда, аз муоинаи духтурон гузарониданд ва гирифтанд, рафтанд, тамом. Ҳатто нагуфтанд, ки куҷо мебаранд, фақат дар Чернобил инро фаҳмидем.»
Бино ба иттилоъи Ҷамъияти чернобилчиёни Суғд, беш аз ҳазор сокини устон дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи нирӯгоҳи барқи атомии Чернобил иштирок кардаанд. Аксарияти ин афрод имрӯз мегӯянд, сафари онҳо ба Чернобил ба ҳамин тарз, ғайри хоҳишашон сурат гирифта буд. Бархе ҳам ҳангоми адои хидмати сарбозӣ дар артиши шӯравӣ бо амри афсарон ва теъдоде ихтиёран дар кори бартарафсозии садамаи Чернобил иштирок доштаанд.

Вазъи имрӯза ва умедҳои чернобилчиёни Суғд

Аммо бо сипарӣ шудани 19 сол аз садамаи нирӯгоҳи атомии барқии Чернобил то кунун давлати Тоҷикистон барои осебдидагони ин фоҷиаи бузурги асри бист имтиёзот ва нафақаи хосе муқаррар накардааст. Аслан мақоми чернобилчиёни тоҷик то ҳанӯз аз ҷониби давлат рӯшан муайян карда нашудааст. Чернобилчиёни Суғд аз ҷониби ҳукумати вилоят ҳарсола кӯмаки якдафъа ба маблағи 250 сомонӣ дарёфт мекунанд. Имсол ин маблағро то 300 сомонӣ, баробари тақрибан 100 доллари Амрико боло бурданд. Ба чернобилчиёни расман маъюб шинохта шуда аз ҷониби давлат нафақа пардохта мешавад. Абдулло Мансуров - сарвари идораи ҳифзи иҷтимоии ҳукумати Суғд дар ин бора мегӯяд: «Нафақаи чернобилчиён мувофиқи тартиботи муқаррарӣ аз рӯи маоши собиқаи кории онҳо пардохта мешавад. Ҳамчунин ба онҳо барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ имтиёз муқаррар карда шудааст, ба ҷуз пардохти пули газ ва барқ.»

Дар ҳамин ҳол умеди ягонаи чернобилчиёни Суғд даёфти нафақаи маъюбӣ аст. Аммо ба гуфтаи Олим Улмасов, сокини шаҳри Хуҷанд, ки соҳиби ду фарзанд ва бекор аст, дарёфти дараҷаи маъюбӣ ва нафақаи доимӣ ҳам кори осоне нест: «Ман ҳозир ҳамчун чернобилчӣ нафақа намегирам. Барои ин ба Душанбе рафта, аз муоинаи тиббӣ гузаштан даркор, чунки фақат дар пойтахт ба мо дараҷаи маъюбӣ медиҳанд. Барои ба он ҷо рафта, аз духтур гузаштан ба мо ёрдам кунанд.»

Салим Ҳалимов - иштирокдори дигари бартарафсозии оқибати садамаи Чернобил аз ноҳияи дурдасти Айнӣ мегӯяд, як мушкилоти аслии чернобилчиёни Суғд дарёфти дорувори зарурӣ ва табобат аст: «Ман мехостам барои чернобилчиёни Суғд як маркази солимгардонӣ таъсис дода шавад, то ки мо ҳамроҳи рафиқонамон омада, саломатии худро барқарор созем.» Мусоҳибам афзуд, дар сурати бемори муқаррарӣ будан тақозои кӯмак намекард, аммо бемории вай на танҳо ба ҷисму ҷони як худи ӯ, балки ба насли ояндааш низ таъсир мегузорад.
XS
SM
MD
LG