Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи ҳафта: Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон


Нахустин иҷлосияи ҳайъати нави Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон Муҳаммадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанберо дубора раис интихоб кард. Ин ҷаласаро кӯҳансолтарин узви маҷлис, раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкам кушода, номзадии оқои Убайдуллоевро ба симати раёсат пешниҳод кард.Раиси вилояти Суғд Қосимҷон Қосимов муовини аввал ва раиси вилояти Бадахшон Алимуҳаммад Ниёзмуҳаммадов муовини раиси Маҷлиси Миллӣ баргузида шуданд.
Маҷлиси Миллӣ бо пешниҳоди президент Раҳмонов Ҳизбуллоҳ Хоҷаевро раиси Додгоҳи Олӣ интихоб кард. Ва аммо муҳимтарин интихоби ин Маҷлис, қарори маълум, оқои Убайдуллоев буд, ки дар ин авохир сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли рафтанаш аз ин мақом ва коста шудани нуфузи пешинаш дар чашми раисиҷумҳур зиёд садо медод.
Барои шунидани гузориши муфассал дар ин бора ин ҷумлаи сабзро панҷа занед.
XS
SM
MD
LG