Пайвандҳои дастрасӣ

Ораш орзуи сафар ба Тоҷикистонро дорад


Ҳафтаи равон сарояндаи эронитабор аз Швеция Ораш бо таронаи "Тикка-тикка кардӣ маро" дар ҳит-паради Ҷумҳурии Чех ҷои аввалро гирифт. Чанде пеш таронаи дигари Ораш "Буру-Буру" ҳам дар ин ҷумҳурӣ ва як идда мамолики дигари Аврупо ва Амрико дар ҷойҳои аввал қарор дошт. То ин замон ҳеҷ гоҳ ягон сарояндаи форсизабон дар ҳит-парадҳои аврупоӣ чунин мақоми баланд нагирифтааст.

Рӯзи шанбе Ораш ба Братиславаи Словакия даъват шуд то дар озмуни Маликаи Словакия ҳунарнамоӣ кунад. Дар роҳи бозгашт аз Братислава Ораш ба шаҳри Прага омад ва дар яке аз клубҳои пойтахти ҷумҳурии Чех ҳунарнамоӣ кард ва ба шумо мухлисони барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ ва умуман ҳама тоҷикистониён паём фиристод.
Хати сабзро фишор диҳед, то Ораш ба шумо паём фиристад ва дасти шуморо фишорад.
Аз Ораш пурсидам, ки як нафар дили ӯро тикка кардааст. Дигареро аз чунон бад мебинад, ки бо лаҳни ҷангҷӯёна ба ӯ мегӯяд: "Буру-буру. Оё ин воқеаҳо дар асл ба вуқӯъ пайвастаанд?
Бале мегӯяд Ораш
XS
SM
MD
LG