Пайвандҳои дастрасӣ

Шонздаҳ соли зиндон барои ошиқӣ


Қиссаи як ҷавон, ки моҳи декабри соли гузашта бо туфанги шикорӣ дар Хоруғ ба сӯи ҷавони дигар тир андохта, ӯро маҷрӯҳ кард ва сипас ихтиёран ба шӯъбаи корҳои дохилӣ омада ва гуфт, ки ба хотири духтари дӯстдоштааш рақибашро паррондааст, барои ошиқи силоҳбадаст ба маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати 16 сол анҷом ёфт.

Додгоҳи Вилояти Худмухтори Бадахшон Саидҷон Раҳматовро барои сӯиқасд, хусумати шахсӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муҷрим донист. Додгустар Саидмуссалам Шомуссаламов ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ин ки додгоҳ ҷанбаҳои сабуккунандаи ҷазо ва аз ҷумла ихтиёран ба дасти мақомоти интизомӣ таслим шудани муттаҳамро ба инобат гирифт, аммо барои ӯ ҷазои 16 соли зиндонро раво дид.

Дар ҳамин ҳол духтаре, ки ҷавони силоҳбадаст, худро ошиқи вай муаррифӣ кардааст, дар ҷараёни мурофиа муносибати маҳрамона доштан бо ҳар ду ҷавонро рад карда, гуфтааст, ки маҳкумшуда Саидҷон Раҳматов воқеъан чандин маротиба пеши роҳи ӯро гирифта, ба ӯ изҳори муҳаббат кардааст ва гуфтааст, агар ҷавонеро ҳамроҳаш бинад, ӯро хоҳад кушт. Аммо духтар ин таҳдидро ҷиддӣ нашумурдааст.

Ҷабрдида Ҳофиз Мирзонаботов корманди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, ки мавриди рашк ва сӯиқасд қарор гирифтааст, тибқи баёнот, ба хонаи ин духтар танҳо ба хотири он мерафтааст, ки дар манзили онҳо дӯстони вай мутахассисони хориҷӣ иҷоранишин будаанд. Ҷабрдида низ гуфтааст, ки Саидҷон Раҳматов пеши роҳи ӯро низ чанд дафъа гирифта буд ва ӯ ба ошиқи бадрашк фаҳмонидааст, ки бо духтари дӯстдоштааш муносибате надорад ва танҳо ба хотири дӯстони хориҷиаш ба хонаи онҳо меравад. Аммо ошиқро ин далелҳо қаноатманд накардаанд ва ӯ дар ниҳоят силоҳи оташфишонро ба кор бурдааст.

Туфанги шикории истеҳсоли Покистон ки ҳамчун далели шайъӣ нигаҳ дошта шудааст, сабаби сахт маҷрӯҳ шудани Ҳофиз Мирзонаботов гашта буд ва ба гуфтаи мақомоти интизомӣ дар сурати таъхир дар муолиҷа имкони марги ҷабрдида вуҷуд дошт. Вакили мудофиаи маҳкумшуда, Нӯширавон Ёразизов гуфт, ки аз ҳукми додгоҳи вилоятӣ ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG