Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бохтар" - рӯзномаи нави тоҷикӣ дар Ӯзбакистон


Тирмиз Шариф Халилӣ

Дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон нашрияи наве бо забони тоҷикӣ ва бо номи "Бохтар" интишор ёфт. Олим Панҷизода - сардабири ин рӯзнома ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, нашрияи "Бохтар" дар ҳаҷми 16 саҳифаи ҳаҷми А-4 моҳе ду маротиба нашр хоҳад шуд.

Муассиси ин рӯзнома корхонаи хурди "Мармар" ва аҳли қалами вилояти Сурхондарё мебошанд. Олим Панҷизода мегӯяд, нашри рӯзномаи нави тоҷикӣ зарур ва муҳим буд, зеро тоҷикони ин вилоят ба як чунин рӯзнома бо забони модарии хеш ниёз доштанд: "Орзу доштем, ки як рӯзномаи мустақилу озоде дошта бошем ва ин рӯзнома барои эҳёи анъанаҳои миллӣ хидмат мекунад."

Ба гуфтаи сардабири рӯзнома, барои тарғиби мероси фарҳангиву адабии ниёгон ва эҷодиёти аҳли қалами вилояти Сурхондарё ва инчунин инъикоси масоили иҷтимоиву иқтисодии мардуми вилоят нашрияе чун "Бохтар" нақши муассир хоҳад бозид. Олим Панҷизода афзуд, минбаъд ин нашрия дар манотиқи дигари тоҷикнишини Ӯзбакистон аз қабили Самарқанду Бухоро ва дигар вилоятҳои водии Фарғона муштариёни нав пайдо хоҳад кард.

Шоири ҷавони вилояти Сурхондарё Хусрави Саъдулло дар робита ба нашри рӯзномаи "Бохтар" гуфт, ҳамзамон бо расидани Наврӯз ба дасти хонандагон расидани ин рӯзнома фоли нек аст: "Умедворем, ки нашрияи "Бохтар" барои пешравии ҳаёти фарҳангии мардуми мо як саҳми арзандае мегузорад."
XS
SM
MD
LG