Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикастҳову пешрафтҳои матбуоти Тоҷикистон


Рӯзи 11-уми март дар тақвими Тоҷикистон ба сифати иди матбуот аз соли 1996 ба расмият даромадааст. То замони касби истиқлолияти кишвар, ки Тоҷикистон яке аз 15 ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт, рӯзноманигорони ин ҷумҳурӣ 5-уми май, рӯзи нашри «Правда» - органи чопии Ҳизби Коммунистиро ба сифати санаи иди касбии худ таҷлил мекарданд . Аммо баъди баҳсҳо миёни рӯшанфикрони тоҷик бар сари таъйини рӯзи матбуоти тоҷик 11 марти соли 1912 санаи интишори "Бухорои Шариф" - нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ ин рӯз дар тақвими ин кишвар ба ҳайси рӯзи матбуот таъкид шудааст.

Аммо имрӯз баъд аз гузашти бештар аз як сада ва баъди тайи 13 соли истиқлолияти Тоҷикистон вазъи васоити ахбори оммаи ин кишвар - ҳам расонаҳои чопӣ ва ҳам расонаҳои савтиву тасвирӣ - махсусан вазъи молӣ, таъминоти фаннӣ ва шароити кори онҳо дар чӣ сатҳе қарор дорад? Ба назари таҳлилгарон ва кормандони васоити ахбори умум дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон майдони матбуоти тоҷик ба ду - яке матбуоти давлатӣ ва дуввум матбуоти мустақил қисмат шудааст ва дар бештари маворид ин мушкилаҳо дар заминаи шакли моликият роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

Барои нашрияҳои расмӣ ва ба ҳамин тартиб телевизион ва радиои давлатӣ ҳама анвои масрафотро давлат ба ӯҳда гирифта ва ҳамчунин онҳо ҳақ доранд, дар доираи қавонин бо истифода аз манобеи дигар масалан нашру пахши маводҳои таблиғӣ маблағи изофа дарёфт кунанд. Ва ҳамчунин «Шарқи Озод» танҳо нашриёти ҷавобгӯ бо меъёрҳои имрӯзӣ дар ихтиёри ҳукумат буда ва нашрияҳои расмӣ барои чопи худ ҳеҷ мушкилоте надоранд. Ин дар ҳолест, ки адами як нашриёти ғайридавлатӣ дар кишварро ходимони васоити ахбори умуми мустақил мушкилоти асосии худ талаққӣ мекунанд.

Хуршеди Атовулло - сардабири ҳафтаномаи ғайридавлатии «Зиндагӣ» мӯътақид аст, бидуни роҳандозии як чопхонаи модерну новобаста аз ҳукумат, ки битавонад рӯзномаҳоро мутобиқ бо меъёри имрӯзӣ интишор бидиҳад, васоити ахбори омма дар Тоҷикистон ҳамоно мутеъи ирода ва таҳти таъсири ҳукумат қарор гирифта ва матбуот наметавонад рисолати худро шоиста анҷом диҳад.

Икром Мирзоев - раиси телевизиони ғайридавлатии «Сомониён», ки дар пойтахт ва бархе аз навоҳии атрофи он барнома пахш мекунад, дарёфти маблағ, васоили фаннии пешрафта, таъмини саривақтии маоши ходимон, пардохти пули иҷора ва ҳамчунин хароҷоти хадамотӣ шаҳриро мушкилот барои ҳама телевизионҳои ғайридавлатии кишвар арзёбӣ кард. Оқои Мирзоев гуфт, фаъолияти телевизиони хусусии асосан бо кӯмаки молии Институти Милли Демократии Амрико роҳандозӣ шуда ва гоҳ-гоҳе бо истифода маблағи рӯйида аз нашри реклама тавонистааст, маош ва молиётро пардохт кунад.

Ӯ мегӯяд: "Студияи «Сомониён» аз соли 1992 ба ин сӯ чанд утоқеро дар қабати чаҳордаҳуми бинои нашриёти "Шарқи Озод" ба иҷора гирифтааст. Афзоиши сол ба соли ҳаққи иҷора, ки ҳоло аз 150 то 200 долларро дар як моҳ ташкил медиҳад, барои мо гарон аст ва ман ногузир аз ҳисоби маоши кормандон чунин хароҷотҳоро ба мисли хадамоти шаҳрӣ мепардозам.»

Оқои Мирзоев афзуд, бештари васоили фаннии радио ва телевизионҳои хусуси, ки бо кӯмаки созмонҳои мададрасон дастрас шудааст, мувофиқ ба шароити имрӯза мебошад, вале афзуд вай, бо ин васоил наметавон фазои иттилотии онҳоро вусъат дод.

Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев - мушовири Бунёди ҷамъиятии мавсум ба «Ибтикори Шаҳрвандӣ - Сиёсати Интернет» мегӯяд, гаронии нархи фаъолсозии саҳифаи интернетӣ, набуди ҳамешагии барқ дар деҳот, ки беш аз 80 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ҳамчунин тавони ками иқтисодии бештари аҳолии кишвар ба он боис шудааст, ки расонаҳои интернетӣ равнақи андак дошта бошад. Бо ин вуҷуд афзуд оқои Асомиддинов, бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ дар ин замина пешравӣ мушоҳида мешавад.

Раҷабмад Амиров - вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки дар ҳамоиши бахшида ба рӯзи матбуот суханронӣ мекард, гуфт, дар ҳоли ҳозир 309 нашрияву маҷалла ва оҷонсии иттилоотӣ дар кишвар фаъолият мекунад. Вай, аз ҷумла аз амри ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки тибқи он аъзои ҳукумат муваззаф аст, ҳар се моҳ роҷеъ ба фаъолияти худ нишасти матбуотӣ доир кунад, ёдовар шуда ва ба нақш ва нуфузи васоити ахбори омма дар таҳкими равандҳои демократӣ эҳтиром қоил шуд.
XS
SM
MD
LG