Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Тоҷикистон бидуни Public Relations. Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо (В. И. Ленин)


Латифи Латиф "Қуттиҳои шаффоф на ҳамеша маънои интихоботи шаффофро доранд ва қуфли навро бо калиди кӯҳна намекушоянд". Кашфиёти ҳамнафасон

Дар интихоботи Тоҷикистон таблиғот бо усулҳои кӯҳна сурат гирифт, дар Қирғизистон аз навтарин воситаҳои таблиғ истифода шуд. Ва аммо ба сурати умум, оё таърихчаи интихоботҳои Тоҷикистон, дар 10-15 соли ахир, ба фарҳанги сиёсии мардум ва сарони он чӣ таъсир дошт ва интихобот ахир қадаме ба пеш аст ё ақиб, ин мавзӯъро бо чанде аз таҳлилгарон баррасӣ кардем. Ба фикри онҳо, он чи имрӯз дорем, сарлавҳаи мақолаи машҳури Владимир Илич Ленин -- "Як қадам бе пеш ду қадам ба қафо"- ро ба ёд меорад. Вай дар бораи тағйир дар сиёсати болшевикон навишта буд, ки хуб аст, дигар озуқа аз деҳқонон бо зӯри силоҳ мусодира намешавад ва онҳо ҳақ пайдо карданд, як миқдори ҳосилро барои худ нигаҳ доранд, вале бисёр бад аст, ки масъалаи озуқа ҳалли решагии худро пайдо накардааст.

Дар барнома аз интихобкунандагон хоҳем шунид, ки дар кадом асос ва барои чӣ ба ин ё он номзад ё ҳизб овоз доданд, аммо номзадҳо дар мулоқот бо интихобкунандагон чӣ мегуфтанд ва чӣ муколамаҳо миёни онҳо иттифоқ меафтод. Гоҳе хандаовар, монанди ин ки "Бале, ман дар гузашта посбон будам, ҳоло мехоҳам, депутат шавам. То фиребу найранги ҳар касбро ёд нагирӣ, бояд биомӯзӣ" ва ё монанди ин, ки "Саидқул Билолов дар порлумон аз фарҳанг намояндагӣ мекард, ман аз шумо намояндагӣ хоҳам кард."

Аммо мавзӯъи марказӣ: PR чист ва чи аҳамият дорад? PR ду ҳарф аз алифбои лотинӣ, P барои "public" ва R барои "relations", яъне, робитаҳои иҷтимоӣ. Ин ҳоло фаннест, ки барояш дар донишгоҳҳои ғарбӣ чор то панҷ сол бояд таҳсил кард. Ширкатҳои PR мӯҳтаво ва шеваи кори таблиғотии номзадҳоро муайян мекунанд ва дар пешбурди он ёрӣ мерасонанд. Агар шумо президент Буш ва ё сенатор Байденро ба шаклу тарзе мебинед, бидонед, ки симои онҳоро барои шумо чунин ширкатҳо таҳия кардаанд. Устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Миссури Меҳрдоди Ҳақоиқӣ PR-ро шарҳ медиҳад.

Касе расман тасдиқ намекунад, вале мо иттилоъ дорем, ки маъракаи таблиғотии бархе аз номзадҳо дар интихоботи Тоҷикистон бо мадади марказҳои русии робита бо ҷомеъа таҳия ва иҷро шудаанд.
Аз раиси ширкати робита бо ҷомеъа "PR Реаниматор", дар шаҳри Маскав, Павел Буревой пурсидам, дар омодагӣ ба интихобот ширкати шумо чӣ хел кор мекунад. Оё метавон гуфт, шумо метавонед, ҳар касро ки хоста бошед ба узви порлумон ё президент табдил диҳед?

Буревой: "Ҳар вазъият фарқ мекунад. Аввал бояд имкониятҳои воқеъиро санҷид. Сипас, таҳлилгарони мо муайян мекунанд, ки мадади мо аз чӣ иборат хоҳад буд. Мо барномае месозем барои афзудани шумораи тарафдорони он шахс. Агар имкониятҳои каманд, меҳнати бештар сарф мешавад, ки онҳоро зиёд кард ва агар шансҳо хубанд, мо метавонем, ин ғалабаро боз ҳам дурахшонтар ва бунёдитар бошад.

Савол: Бо кадом роҳҳо шумо ин барномаро амалӣ мекунед?

Буревой: "Роҳи асосӣ ин аст, ки номзад бояд барномаи рӯшан, сода ва ҷаззоб дошта бошад, ки ба интихобкунанда фаҳмо ва ҷолиб бошад. Сипас, таблиғ аз тариқи расонаҳои гурӯҳӣ, телевизион, радио, нашрияҳо, интернет. Ва таблиғ ба воситаи варақаҳову эълонҳо, мулоқот бо мардум ва дар ҳолати зарурӣ баъзе амалиёти махсуси нашри маълумот."

Савол: Ин амалиёти махсус чӣ маънӣ дорад?

Буревой: "Масалан, ҳамчун намуна, дар тафовут аз таблиғоти расмӣ аз тариқи расонаҳои гурӯҳӣ, мешавад, иттилоъеро нашр кард, ки на аз ситоди номзад, балки аз роҳҳои дигар ба мардум расад, ба фоидаи номзади мо ва бар зарари рақиби ӯ. Яке аз роҳҳои шаръии таблиғот ҳамин аст."

Савол: Яъне, овоза сар додан? Аммо агар номзади шумо тамоман ягон умеде ба пирӯзӣ надошта бошад, чӣ кор мекунед?

Буревой: "Ноумедӣ ҳар хел мешавад. Баъзан на бо он сабаб, ки номзад арзанда нест, балки ҷомеъа барояш мушкил сохтааст. Он гоҳ мешавад, ҳаминро ҳам ба манфиати номзад истифода кард. Камбудиҳоро бояд ба бартариҳо табдил дод. Масалан, агар вай дар ҳабс нишаста бошад ва каме афкори мухолиф дошта бошад, ӯро метавон, ҳамчун оппозитсияи сиёсӣ нишон дод. Агар ин камбудиҳо чандон калон ва муҳим набошанд, бо таблиқи тарафҳои мусбат мешавад онҳоро дар соя гузошт. Ин ҳам мумкин аст."

Савол: Хуб, фаразан, номзаде ки шумо омода мекунед, дар чашми интихобкунанда чи хел намоён мешавад?

Буревой: "Номзад, аслан, бояд касе бошад, ки ҷавоби ҳама гуна саволҳоро дошта бошад. Сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ...Вақте ба вай савол медиҳанд, бояд даступо нахӯрад ва ҷавоби дуруст диҳад. Аз сӯи дигар бояд вижагие дошта бошад, ки фарқи ӯро аз дигарон нишон диҳад. Чаро мардум бояд ба вай овоз диҳанд. Ҷавоби ин бояд дар як шиори кӯтоҳ, дархости кӯтоҳ ғунҷонда шавад."

Савол: Ба ин тартиб, вақте шумо аз ҳеҷ чиз як каси арзанда месозед, оё ин як навъ фиреби сиёсӣ нест?

Буревой: "Чӣ хел беҳтар ба саволи шумо ҷавоб диҳам. Ин ҷо фиреби сиёсӣ нест. Мо кӯшиш мекунем, интихобкунандаро фиреб надиҳем. Ва аз тарафи дигар барои мо сарнавишти номзади мо баъд аз интихобот низ муҳим хоҳад монд. Ин барои обрӯи ширкати мо муҳим аст. Барои мо гапи рост силоҳи асосист ва ҳама гуна гаштҳои тактикӣ аз рӯи маҷбурият ба амал меоянд."
Павел Буревой ҳамчунин гуфт, бахши машваратии хидмати ӯ ба номзадҳо тақрибан бепул буда, маъракасозиҳо аз 1000 то 1 000 000 доллар қимат дошта метавонанд.

Одамоне ҳастанд, ки орзу доранд, кӯча ва ё хиёбон ба номи онҳо ва ё хешу наздиконашон гузошта шаванд. Ин дар ихтиёри мақомоти давлат аст. Аммо ба наздикӣ дар шаҳракаи Сан Ҷорҷио, наздикии Неапол, дар Итолиё, шаҳрдор қарор кард, ҳар кас метавонад, дар ивази маблағи муайян ин ё он кӯча, майдон ва ё хиёбонро ба номи худ ва ё наздикони худ гузорад.

Номи кӯчаҳои марказӣ 15 ва кӯчаҳои дуртар 10 ҳазор евро нарх доранд. Аллакай, чанд нафар аз ин имконият истифода бурданд. Ҷанкарло Каппоци аввалин шуда, кӯчаеро, ки дар он зиндагӣ мекард, ба номи падараш, ки пизишк буда, фавтидааст, гузошт. Ба ин тарз шаҳрдорӣ мехоҳад, буҷаи худро такмил кунад ва маблағҳоро ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ равона созад.

Аз сокинони Душанбе суол кардем, оё мехоҳанд, дар ивази пул номи кӯчаҳоро бихаранд. Маълум мешавад, ҳеҷ кас намехоҳад, номи худро ба ин тарз ҷовидона кунад ва эҳтироми бузургоне чун Саъдӣ пойдор аст. Вале як нафари дигар мегӯяд, воқеъан бад нест, агар шаҳдорӣ номи кӯчаҳоеро, монанди Селектсионная ва ё Деповская ба фурӯш гузорад ва пулашро ба ятимхонаҳо диҳад.
Хуб, интизори занги телефону номаҳои шумоем, то ҳамеша ҳамнафас бошем. Худо нигаҳдор.

Ин ҷумлаи сабзро клик кунед ва кулли барномаи Ҳамнафасро бишнавед
XS
SM
MD
LG